Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмону Фаронса бӯҳрони Украинаро баррасӣ мекунанд


Олмон ва Фаронса рӯзи чаҳоршанбе, 19 феврал, бӯҳрони сиёсӣ дар Украина, аз ҷумла, имкони ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи сиёсатмадорон ва мансабдорони украиниро, ки дар марги одамон даст доранд, баррасӣ хоҳанд кард. Дар ин бора вазири умури хориҷии Фаронса Лоран Фабиус хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ба думболи ҷаласаи муштараки ҳукуматҳои ду кишвар дар Порис нишасти хабарии раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳоланд ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел баргузор хоҳад шуд.

Қарор аст, ки рӯзи панҷшанбе дар Брюссел нишасти фаврии вазирони умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ҳам мавзӯи бӯҳрони Украинаро баррасӣ кунад. Нишаст бо ибтикори масъули бахши сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Кэтрин Эштон ва раҳбари Комиссиюни Аврупо Жозе Мануэл Баррозу баргузор мешавад.

Вазири умури хориҷии Шветсия Карл Билдт изҳор намуд, ки масъулияти ҳалокати одамон дар Киев бар дӯши раисиҷумҳур Виктор Янукович аст. Аммо Русия, дар навбати худ, дар ҳаводиси Киев нерӯҳои тундравро масъул мехонад. Дар изҳороти вазорати умури хориҷии Русия аз мухолифини ҳукумат даъват шудааст, ки ба хунрезӣ хотима гузоранд ва “бидуни таҳдиду зарбулаҷал” сари музокирот бо мақомот баргарданд.
XS
SM
MD
LG