Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозиҳои Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар минтақаи Душанбе аз 24-уми феврал то 5-уми март баргузор мешаванд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон ин мусобиқа бо ширкати ҳашт даста (панҷ дастаи лигаи олӣ ва се дастаи лигаи аввал) дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барпо мегардад.

Бар асоси қуръакашӣ, ки имрӯз, 19-уми феврал, дар қароргоҳи ФФТ баргузор шуд, ба гурӯҳи «А» дастаҳои «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Истиқлол», «Гвардия» ва ССКА «Помир» (ҳарсе аз Душанбе), ба гурӯҳи «Б» тимҳои «Локомотив» (Душанбе), “Кӯктош” (Рӯдакӣ), «Хайр» (Ваҳдат) ва «Энергетик» (Душанбе) дохил шуданд.

Дар марҳилаи аввал бозиҳо аз рӯи системи даврӣ дар як давра барпо мегарданд. Баъдан ду дастаи беҳтарин аз ҳар як гурӯҳ ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд. Ғолибони бозиҳои ниманиҳоӣ дар бозии ниҳоӣ ва дастаҳои мағлубшуда барои ҷойи севум мубориза мебаранд.

Бозиҳои Ҷоми ФФТ дар ду марҳила - минтақавӣ (Душанбе, Хатлон ва Суғд) ва ниҳоӣ (Душанбе) - барпо мегарданд. Дастаҳое, ки дар мусобиқоти вилоятҳои Суғду Хатлон ҷойҳои 1-ум ва 2-юмро касб мекунанд, инчунин, чаҳор дастаи беҳтарини минтақаи Душанбе ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Дар давраи хотимавии мусобиқот дастаҳо ба ду гурӯҳи иборат аз чордастаӣ тақсим мешаванд.

Дастаи ғолиби марҳилаи ниҳоӣ бо Ҷоми ФФТ ва медалҳои тилло мукофотонида мешавад. Ба дастаҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро ишғол мекунанд, мутаносибан медалҳои нуқраву биринҷӣ супурда хоҳад шуд. Инчунин беҳтарин бозигарон ва доварони мусобиқот бо тӯҳфаҳои қиматбаҳо сарфароз мегарданд.

Бояд тазаккур дод, ки Ҷоми ФФТ барои севумин бор баргузор хоҳад шуд. Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода аввалин барандаи Ҷоми ФФТ мебошад. Футболбозони Турсунзода дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи 13-уми марти соли 2012 дар варзишгоҳи “Автомобилист”-и Душанбе баргузор шуд, бар дастаи “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд. Ба дастаи ғолиб - “Регар-ТадАЗ” Ҷоми ФФТ ва 20 ҳазор сомонӣ супурда шуд. Тими “Хайр” барои ҷойи дувум 15 ҳазор сомонӣ гирифт.

Соли гузашта бошад, дастаи «Хайр» дар бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ бар ССКА «Помир» аз рӯи силсилаи пеналтӣ пирӯз шуд. Ин бозӣ рӯзи 31-уми августи соли 2013 дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода барпо гардид. Замони асосии ин дидор бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом расид.


Дар замони изофӣ (ду қисми 15-дақиқаӣ) ҳисоб тағйир наёфт. Дастаи ғолиб аз рӯи силсилаи пеналтӣ маълум шуд. Кори футболбозони «Хайр» дар задани силсилаи зарбаҳои 11-метра омад кард ва онҳо бо ҳисоби 6:5 (ҳисоби умумӣ – 7:6) ғалаба карданд.

Дастаи «Хайр» бо ҷоизаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон - Ҷоми ФФТ, сертификат ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ ва медалҳои тилло сарфароз гашт. Дастаи ССКА «Помир» бо сертификат ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ва медалҳои нуқра мукофотонида шуд.


Тақвими бозиҳои Ҷоми ФФТ-2014 дар минтақаи Душанбе:
Даври 1-ум
24-уми феврал (душанбе)
12.00. «Регар-ТадАЗ» - ССКА «Помир»
15.00. «Истиқлол» - «Гвардия

Даври 2-юм

25-уми феврал (сешанбе)
12.00. «Локомотив» - «Энергетик»
15.00. «Кӯктош» - «Хайр»

Даври 3-юм

26-уми феврал (чоршанбе)
12.00. «Гвардия» - «Регар-ТадАЗ»
15.00. ССКА «Помир» - «Истиқлол»

Даври 4-ум

27-уми феврал (панҷшанбе)
12.00. «Хайр» - «Локомотив»
15.00. «Энергетик» - «Кӯктош»

Даври 5-ум

28-уми феврал (ҷумъа)
09.00. «Гвардия» - ССКА «Помир»
11.00. «Регар-ТадАЗ» - «Истиқлол»
13.00. «Локомотив» - «Кӯктош»
15:00 «Хайр» - «Энергетик”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG