Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Овозхонҳои Pussy Riot раҳо карда шуданд


Толоконникова ва Алехина дар шӯъбаи полиси шаҳри Адлер
Толоконникова ва Алехина дар шӯъбаи полиси шаҳри Адлер
Надежда Толоконникова ва Мария Алехина, ду узви гурӯҳи Pussy Riot, ки дар шаҳри Сочӣ боздошт шуда буданд, шоми сешанбе бидуни эълони иттиҳом озод карда шуданд. Дар ин бора расонаҳои русӣ рӯзи чаҳоршанбе, 19 феврал, хабар доданд.

Қаблан Толоконникова дар сӯҳбати ихтисосӣ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки онҳоро дар дуздӣ аз як меҳмонсарои шаҳр айбдор мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳамроҳи онҳо ба шӯъбаи полиси шаҳри Адлер боз панҷ духтари дигар ҳам оварда шуданд. Толоконникова ва Алехина мегӯяд, онҳо барои дар мавриди дуздӣ дар меҳмонхона бидуни вакилони дифоъ баёнот надоданашон лату кӯб шудаанд. Дар бадани Толоконникова изи латукӯб ва харошаҳо намудор аст, кормандони полис айнакҳояшро шикастанд.

Моҳи декабри соли гузашта Толоконникова ва Алехина афв ва пеш аз мӯҳлат аз зиндон раҳо карда шуданд. Онҳо гуфтанд, ки аз ин баъд барои дифоъ аз ҳуқуқҳои маҳбусон талош хоҳанд кард.

Надежда Толоконникова гуфтааст, ки тайи се рӯзи дар Сочӣ буданашон онҳо бештари вақтро дар идораи полис ва дафтари Хадамоти федеролии амният сипарӣ карданд.
XS
SM
MD
LG