Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати ҳифзи сиҳат: Дар Киев 25 нафар кушта шудаанд


Бар асари бархӯрдҳо миёни эътирозгарон ва кормандони милиса дар шаҳри Киев 25 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе вазорати ҳифзи сиҳати Украина хабар дод. Гуфта мешавад, ки ҳашт нафар, аз ҷумла, хабарнигори нашрияи украинии “Вести” Вячеслав Веремий, дар бемористон, чаҳор каси дигар дар бемористони вазорати умури дохилӣ аз олам даргузаштанд. 13 фавтидаи дигар барои ташхис ба Бюрои клиникии ташхиси додгоҳиву тиббӣ оварда шуданд.

Дар вазорати ҳифзи сиҳат ҳамчунин хабар доданд, ки то субҳи рӯзи 19 феврал беш аз 350 нафар аз осебдидагон дар ҳаводиси Киев барои кӯмаки тиббӣ муроҷиат карданд, 240 тани онҳо зери назорати табибон қарор доранд.

Вазорати умури дохилии Украина теъдоди кушташудагонро 9 нафар ҳисоб кардааст.

Фаъолони мухолифин ба нашрияи “Украинская правда” гуфтаанд, ки теъдоди осебдидагон хело бештар аз арқоми расмист, зеро бисёриҳо аз тарси таъқиб ба бемористон муроҷиат накардаанд.

Музокироти раҳбарони аҳзоби мухолифи ҳукумат бо раисиҷумҳур Виктор Янукович бенатиҷа поён ёфт. Раҳбари Украина изҳор намуд, ки мухолифин ҳамаро барои силоҳ гирифтану ошӯб алайҳи ҳукумат даъват карданд ва ба ин васила аз хатти сурх убур карданд. Виктор Янукович гуфт, ки афроди қонуншикан бояд дар назди қонун посух гӯянд. Виктор Янукович аз мухолифин даъват кард, аз афроди тундрав, ки боиси хунрезӣ шудаанд, канорагирӣ кунанд ва сари мизи музокирот баргарданд.

Рӯзи сешанбе раҳпаймоӣ сӯи бинои Верховная Рада дар Киев зери унвони “Ҳамлаи осоишта” баъди он ба задухӯрд бо кормандони милиса печид, ки мухолифин муҳосираи кормандони милисаро шикаста, талоши вуруд ба бинои парлумонро карданд.
XS
SM
MD
LG