Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ дар Сочи аз рӯи натиҷагирии ёздаҳ рӯзи мусобиқот дар ҳисоби умумидастаӣ бо назардошти сифати медалҳо мунтахаби Олмон мисли пешин дар ҷойи аввал аст.

Варзишгарони Олмон дар ин муддат ҳамагӣ 15 медал - ҳашт нишони тилло, се нуқра ва чор биринҷӣ ба даст овардаанд. Мунтахаби Норвегия бо касби 18 медал – ҳафт тилло, чор нуқра ва ҳафт биринҷӣ - дар мақоми дувум аст.

Тими Ҳолланд бо касби 20 медал (шаш тилло, шар нуқра ва ҳашт биринҷӣ) дар мақоми севум мебошад. Дастаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 20 медал - шаш тилло, чор нуқра ва даҳ биринҷӣ – дар мақоми чорум қарор дорад. Дастаи Русия - мизбони бозиҳо, ки 19 медал (панҷ тилло, ҳашт нуқра ва шаш биринҷӣ) дорад, ба ҷойи панҷум фуромад.

Умуман, то имрӯз варзишгарони 26 кишвар медалҳои Олимпиадаи Сочиро ба даст овардаанд ва намояндагони 19 кишвар ба унвони қаҳрамони Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ мушарраф шудаанд. Варзишгарони Ҳолланд ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ҳама бештар – 20-медалӣ, мунтахаби олимпии Русия 19 медал ба даст овардаанд.

Аз кишварҳои собиқи шӯравӣ ба ҷуз Русия, мунтахаби Беларус бо панҷ нишони тиллову як биринҷӣ дар мақоми 7-ум, Латвия бо як нишони нуқра ва ду биринҷӣ дар мақоми 23-юм, Қазоқистон ва Украина ҳар кадом бо як нишони биринҷӣ дар мақоми 25-ум ҷойгир шудаанд.

Ҷой Кишварҳо Тилло Нуқра Биринҷӣ Ҳамагӣ
1 Олмон 8 3 4 15
2 Норвегия 7 4 7 18
3 Ҳолланд 6 6 8 20
4 ИМА 6 4 10 20
5 Русия 5 8 6 19
6 Швейтсария 5 2 1 8
7 Беларус 5 0 1 6
8 Канада 4 9 4 17
9 Лаҳистон 4 0 0 4
10 Чин 3 2 1 6
11 Фаронса 3 1 5 9
12 Австрия 2 6 1 9
13 Шветсия 2 0 4 6
14 Словения 2 1 3 6
15 Корея 2 1 1 4
16 Ҷумҳурии Чех 1 3 2 6
16
18
19
20
21
22
23
24
25
25
Ҷопон
Британия
Словакия
Италия
Австралия
Финляндия
Латвия
Хорватия
Қазоқистон
Украина
1
1
1
0
0
0
0
0
0
0
3
0
0
2
2
2
1
1
0
0
2
1
0
4
1
0
2
0
1
1
6
2
1
6
3
2
3
1
1
1

Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Сочи то 23-юми феврал идома меёбанд. Дар ин бозиҳо беш аз 2800 варзишгар аз 88 кишвар ширкат доранд. Ба барномаи бозиҳо 15 намуд дохиланд: биатлон, бобслей, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, лижаронии дуҳарба, пойгаи лижатозӣ, ҷаҳиш бо лижа аз трамплин, варзиши чанатозӣ, скелетон, дави босуръат бо конки, сноуборд, рақси рӯи ях бо конки, фристайл, хоккейи рӯи ях ва шорт-трек.

Имрӯз, 19-уми феврал, дар Олимпиадаи Сочи варзишгарон барои ҳашт маҷмӯи медалҳо оид ба биатлон (1), бобслей (1), лижаронии кӯҳӣ (1), конкитозӣ (1), пойгаи лижаронӣ (2) ва сноуборд (2 мубориза мебаранд.

Дар Олимпиадаи Сочи аз Тоҷикистон танҳо як варзишгар – Алишер Қудратов - ширкат мекунад. Вай дар мусобиқаи лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом, ки рӯзи 22-юми феврал барпо мегардад, вориди рақобат мешавад.

XS
SM
MD
LG