Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Беркут" барои ҳамла ба Майдони Истиқлол омода мешавад


Раиси хадамоти амнияти Украина Александр Якименко ва вазири умури дохилӣ Виталий Захарченко рӯзи сешанбе, 18 феврал, аз раҳбарони мухолифин хостанд, ки ҷонибдоронашонро ором кунанд ва сари мизи музокирот баргарданд. Дар сурати идомаи бенизомиҳо дар маркази Киев, онҳо ваъда доданд, ки бо истифода аз ҳама васоил тартиботро дар пойтахт ҷорӣ хоҳанд кард.

Аз ин пеш хабаргузориҳо бо такя ба гуфтаҳои табибон иттилоъ доданд, ки бар асари бархӯрди эътирозгарон бо кормандони милиса дар Киев дасти кам панҷ нафар кушта ва беш аз 150 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Табиб Олга Богомолетс ба радиои Озодӣ гуфт, ки вазъи се тан аз маҷрӯҳон дар Хонаи Афсарон хело сангин аст.

Раҳпаймоӣ сӯи бинои Верховная Рада дар Киев зери унвони “Ҳамлаи осоишта” баъди он ба задухӯрд бо кормандони милиса печид, ки мухолифин муҳосираи кормандони милисаро шикаста, талоши вуруд ба бинои парлумонро карданд.

Задухӯрдҳо дар маркази Киев то ҳол идома доранд. Бар пояи хабарҳои ахиран расида, гурӯҳи вокуниши сареъ “Беркут” ба Майдони Истиқлол наздик шуда, ба ҳамла омодагӣ мегирад. Фаъолони мухолифин барои мудофиа омода мешаванд ва аз сокинон шаҳр даъват кардаанд, ки ба Майдон омада алайҳи ҳамлаи созмондодаи раисиҷумҳури, ба гуфтаи онҳо, "мустабид" Виктор Янукович, садо баланд кунанд.
XS
SM
MD
LG