Пайвандҳои дастрасӣ

Дар бархӯрдҳо дар Киев се нафар кушта шуданд


Бар асари бархӯрди эътирозгарон бо кормандони милиса дар маркази Киев рӯзи сешанбе, 18 феврал,дасти кам се нафар кушта ва беш аз сад каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар ин бора ба радиои Озодӣ табиб Олга Богомолетс хабар дода гуфтааст, вазъи ҳафт тан аз маҷрӯҳон дар Хонаи афсарон хело сангин аст.Бар пояи хабарҳо, даҳҳо кормандони милиса ҳам ҷароҳат бардоштаанд.

Раҳпаймоии мухолифини ҳукумати Украина сӯи бинои Верховная Рада дар Киев зери унвони “Ҳамлаи осоишта” ба задухӯрд бо кормандони милиса печид. Дар садри раҳпаймоӣ вакилони Верховная Рада аз ҳизбҳои мухолифи "Озодӣ", "Баткившина" ва "УДАР" қарор доштанд.

Қарор буд, ки эътирозгарон дар канори бинои Верховная Рада мустақар шуда, аз вакилон қабули қарорҳои оҷил барои бурунрафти кишвар аз бӯҳрони сиёсиву иҷтимоӣ, бозгашт ба тарҳи қонуни соли 2004 ва муҷозоти муҷримон дар латукӯб ва шиканҷаи фаъолони мухолифинро талаб намоянд.

Баъд аз ним соат раҳпаймоён муҳосираи кормандони милисаро шикаста, яке аз мошинҳои онҳоро аз роҳ бартараф намуданд. Гурӯҳи вокуниши сареъ “Беркут” ба имдоди милиса расид ва дифои бинои Верховная Радаро бар ӯҳда гирифт. Бар пояи хабарҳо, задухӯрдҳо дар маркази Киев то ҳол идома доранд.
XS
SM
MD
LG