Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркишҳои минаҳои сарироҳӣ 9 кушта бар ҷой гузоштанд


Бар асари ду таркиши минаҳои сарироҳӣ дар шарқи Афғонистон шаш сарбози афғон ва се сокини осоишта ба ҳалокат расиданд.

Сухангӯи артиш Нӯъмон Отифӣ рӯзи сешанбе, 18 феврал, гуфт, яке аз таркишҳо дар мавзеи Аласои вилояти Каписо двр ҳоле рӯй дод, ки афсарону сарбозони афғон аз амалиёти низомӣ бармегаштанд. Дар ин ҳодиса шаш сарбоз ҷон бохт, зиреҳпӯши низомӣ комилан нобуд шуд.

Масъулияти ҳамларо гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст, аммо мақомоти Кобул ангушти иттиҳом сӯи ҷунбиши “Толибон” кардаанд.

Дар таркиши сарироҳии дигар, ба иттилои Озод Хон, як мақоми вилояти шарқии Пактиё, се сокини осоишта кушта ва ҳафт каси дигар маҷрӯҳ шуданд.
XS
SM
MD
LG