Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 6 гумонбар дар сангсори як зану як мард дар Покистон


Дар вилояти Балуҷистон, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон, рӯзи сешанбе, 18 феврал, шаш кас бо гумони даст доштан дар сангсори як зану як мард боздошт шуданд. Гуфта мешавад, сокинони рустои Лорелай ин зану мардро, ки яке 20 ва дигарӣ 30-сола буданд, дар хиёнат ва робитаи ҷинсии номашрӯъ айбдор ва сангсор карданд.

Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, падар ва бародари зан ва падару тағои марди сангсоршуда, муллое, ки фатвои куштани онҳоро содир карда буд, ва як муриди ӯ дастгир шуданд.

Ба навиштаи расонаҳо, ҳамасола дар Покистон садҳо нафар бо иттиҳоми робитаи номашрӯъи маҳрамона кушта мешаванд ва аммо ҳодисаи сангсор хело кам иттифоқ меуфтад.
XS
SM
MD
LG