Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозгарон роҳ сӯи порлумони Украина гирифтанд


Дар Киев издиҳоми чандҳазораи эътирозгарон аз Майдони Истиқлол сӯи бинои парлумони кишвар роҳ гирифт. Дар садри издиҳом вакилони маҷлис аз ҳизбҳои мухолифи "Озодӣ", "Баткившина" ва "УДАР" қарор доранд, ба думболи онҳо аъзои дастаҳои худмудофеи Майдон бо сипару калтак дар даст ва кӯлоҳи оҳанин дар сар саф оростаанд. Ширкаткунандагони раҳпаймоӣ, ки “ҳамлаи осоишта” ном гирифтааст, дар даст парчамҳои Украина ва рамзҳои аҳзоби мухолифи ҳукуматро доранд ва “Шараф ба Украина!” ва “Шараф ба қаҳрамонон!” шиор мезананд.

Қарор аст, ки тазоҳургарон дар канори бинои Верховная Рада мустақар шуда, аз вакилон қабули қарорҳои оҷил барои бурунрафти кишвар аз бӯҳрони сиёсиву иҷтимоӣ, бозгашт ба тарҳи қонуни соли 2004 ва муҷозоти муҷримон дар латукӯб ва шиканҷаи фаъолони мухолифинро талаб намоянд.

Ҳамзамон дар боғи Мариини шаҳри Киев ҷонибдорони Ҳизби манотиқ аз ҳукумат пуштибонӣ мекунанд. Ба навиштаи нашрияи “Украинская правда”, онҳо аз вилоятҳои гуногуни кишвар ҷамъ омадаанд.
XS
SM
MD
LG