Пайвандҳои дастрасӣ

Хуҷанд. Ҳабси қочоқгари занон ба Дубай


Додгоҳи Хуҷанд як зани 35 соларо барои қочоқи занон барои танфурӯшӣ дар Дубай ба 5 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳ мегӯяд, зани 35 солаи сокини ноҳияи Ғафуров - Сарвар Ҷӯраева мутобиқи банди 132-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “ҷалби одамон барои истисмор”, гунаҳкор дониста шуд ва ба 5 соли ҳабс дар зиндони низомаш умумӣ маҳкум гардид. Боздошти хонум Ҷӯраева тирамоҳи соли гузашта аз сӯи кормандони идораи корҳои дохилии Суғд сурат гирифта буд. Дар моҳи сентябри соли 2013 мақомоти интизомӣ дар майдони ҳавоии Душанбе ду ҷавонзани 20 ва 22 солаеро, ки тавассути Ҷӯраева ба танфурӯшӣ ба хориҷи кишвар фиристода мешуданд, аз хатсайри Душанбе – Дубай поин оварда буданд ва ба шаҳодати онҳо Ҷӯраеваро дастгир намуданд. Ба гуфтаи додгоҳ, хонум Ҷӯраева дар ҷое кор намекарда ва ба ҷалбу фиристодани занон ба шаҳри Дубайи Иморати Муттаҳидаи Араб машғул будааст. Вай дар толори додгоҳ ин ҷурмро бар дӯш гирифта, аммо гуфтааст, вай ҷавонзанони сабукпоро на маҷбурӣ, балки бо ризояти худи онҳо Дубай мефиристод.
XS
SM
MD
LG