Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Шукурҷон Зуҳуров бо Муҳаммад Ҳодӣ Ҳусейниён


Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони порлумони Тоҷикистон бо доктор Муҳаммад Ҳодӣ Наҷот Ҳусейниён, дабири кулли Ассамблеяи Парлумонии Осиё дар Теҳрон дидору гуфтугӯ намуд. Муҳаммадато Султонов, сухангӯи парлумони Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 18 феврал зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "дар ҷараёни ин мулоқот Шукурҷон Зуҳуров таъкид кард, ки порлумони Тоҷикистон аз аъзои фаъоли Ассамблеяи Парлумонии Осиё буда, дар ҷаласаҳои ин созмон фаъолона иштирок менамояд. Ассамблеяи Парлумонии Осиё муҳим будани худро ҳамчун ниҳоди байнипарлумонӣ дар ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳими минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ва ироаи пешниҳодҳои ҷолиб ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти ҳам минтақавӣ ва ҳам ҷаҳонӣ дар арсаи байналмилалӣ собит кардааст."

Ба гуфтаи ҷаноби Султонов "дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассамблеяи Парлумонии Осиё, фаъол намудани кори гурӯҳҳои дӯстии парлумонӣ, густариши муносибот дар заминаҳои иқтисод, тиҷорат, энергетика, сармоягузорӣ, захираҳои обӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд."

Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо доктор Муҳаммад Ҳодӣ дар ҳошияи баргузории иҷлосияи 9-уми Конфронси Иттиҳоди парлумонҳои давлатҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ, ки санаи 18-19-уми феврал дар Теҳрон оир мешавад, сурат гирифтааст. Ҳайати порлумонии Тоҷикистон рузи 16 феврал ба манзури ширкат дар ин иҷлос ба шаҳри Теҳрон, маркази Эрон сафар кардаааст. Зимнан, Ассамблеяи Парлумонии Осиё моҳи сентябри соли 1999 дар Дакка, Бангладеш бо ҳадафи мусоидат ба таҳкими ягонагӣ, сулҳ ва асосҳои бунёдии ҳамкории минтақавӣ ҷиҳати таҳким бахшидан ба ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва демократия таъсис ёфтааст. Ассамблеяи Парлумонии Осиё ҳоло яке аз бузургтарин ташкилоти парлумонӣ дар минтақа ба ҳисоб рафта, дар он 41 давлат ба унвони аъзо ва 17 кишвар ба сифати нозир фаъолият мекунанд.
XS
SM
MD
LG