Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Домоди Аскар Оқоев аз боздошт раҳо шуд


Николай Полозов-вакили мудофеи Одил Тӯйғунбоев-домоди Аскар Оқоев-раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон ба матбуот хабар дод, ки Одилро баъд аз чанд соати боздошт рафо кардаанд.

Дар як ҳафтаи охир бори дуввум Одил Тӯйғунбоев дар Маскав боздошт шуд. Полозов гуфтааст, шахси зери ҳимояти вайро пулиси Маскав шоми якшанбе барои 48 соат бозошт кардааст. Пулис мегӯяд, Одил барои он ин ҳафта бори дуввум боздошт шудааст, ки дар ҷустуҷӯи пулиси байналмиллалӣ ё интерпол қарор дорад.

Ба гуфтаи пулис, дар робита бо Бозиҳои Зимистонаи Олимпӣ дар Сочӣ тадобири амниятӣ тақвият ёфтааст, барои ҳамин ба таври расмӣ вай бояд дар боздошт қарор дошта бошад.

Тӯйғунбоев шаҳрванди Қазоқистон аст. Моҳи марти соли 2008 Додситонии Кулли ин кишвар эълон карда буд, ки Тӯйғунбоевро ба Қирғизистон истирдод нахоҳад кард, вале агар гуноҳе дошта бошад, ҳозир аст, ки худаш дар Қазоқистон ба он расидагӣ кунад.
XS
SM
MD
LG