Пайвандҳои дастрасӣ

Санаи нави боздиди Ислом Каримов таин мешавад


Милош Земан-раиси ҷумҳури ҷумҳурии Чех мехоҳад, ки барои боздиди Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистон аз ҷумҳурии Чех санаи нав таъин шавад. Милош Земан рӯзи якшанбе ба рӯзноманигорон гуфт, дар ҳоле, ки вай бо гузоришҳо дар бораи нақзи ҳуқуқи башар дар Узбакистон розӣ нест, аз боздиди Каримов барои густариши ҳамкориҳои тиҷоратии дуҷониба ҳимоят мекунад.

Земан гуфт, дар ҷараёни боздиди Каримов имкон дорад 7 қарордод ва санади ҳамкорӣ имзо шавад, ки арзиши онҳо 750 миллион долларро ташкил медиҳад.

Ҳафтаи гузашта мақомоти ҷумҳурии Чех эълон карданд, ки Ислом Каримов боздиди расмии худ аз ҷумҳурии Чехро, ки барои 20 феврал барномарезӣ шуда буд, ба таъхир андохтааст. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар аз ин боздид интиқод карданд ва гуфтанд, ки режими 25 солаи Ислом Каримов бо шиканҷаи мухолифони сисёсӣ дар зиндонҳо кори маҷъурӣ дар ҷамъоварии пахта ва ба зиндон кашидани мухолифони сиёсӣ ҳамроҳ будааст.
XS
SM
MD
LG