Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири пешин 5 сол маҳкум ба зиндон шуд


Вано Меробашвилӣ
Вано Меробашвилӣ
Вано Меробишвилӣ-нахуствазири пешини Гурҷистон барои 5 сол маҳкум ба зиндон шуд. Додгоҳи шаҳри Кутаисӣ рӯзи душанбе Меробашвилиро барои суистифода аз мақом, додани ришва ба райдиҳандагон ва истифодаи нодуруст аз маблағҳои будҷа муттаҳам кард.

Меробашвилӣ ин иттиҳомотро рад кард ва пофишорӣ намуд, ки иттиҳомоти зидди вай ангезаи сиёсӣ дорад. Вакилони мудофеи вай гуфтанд, ки бар зидди ин ҳукми додгоҳ шикоят хоҳанд бурд. Меробашвилӣ Дабири Кулли ҳизби Ҷунбиши миллии муттаҳидаи Михаил Саакашвилӣ мебошад ва моҳи май боздошт шуда буд.

Аз интихоботи порламонӣ ба ин сӯ, яъне аз замоне, ки дар интихобот Бидзина Иванишвилӣ пируз шуд, шуморе аз ҳамҳизбиёни Михаил Саакашвилӣ барои суистифода аз мақом боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG