Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комроншоҳи Устопириён дар Австрия бе медал монд


Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқаи кушодаи Аврупо оид ба дзюдо байни мардон дар шаҳри Оберварти Австрия ноком гашт.

Дар ин мусобиқа 272 варзишгар аз 41 кишвар ширкат доштанд. Комроншоҳ танҳо варзишгаре буд, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқа намояндагӣ кард. Вай дар рақобатҳо дар вазни то 90 килограмм дар нахустин қувваозмоияш бар Арчи Волфман аз Исроил ғолиб омада, баъдан аз Такеши Сугаҳара (Ҷопон) мағлуб шуд ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳои мусобиқа маҳрум гардид.

Дар ҳисоби дастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби шаш медал (3 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шуд. Дастаи Гурҷистон бо касби 2 нишони тилло дар ҷойи дувум қарор гирифт. Мунтахаби Бразилия бо касби чор медал (1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) севум шуд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ се варзишгари Ҷопон - Рюо Кавабата (60 кг), Кенго Такаичи (66 кг) ва Такенори Накамура (73 кг), ду паҳлавони Гурҷистон – Зебеда Реквиашвили (81 кг) ва Звиад Гоготчури (90 кг), як намояндаи Бразилия – Лутсиано Коррея (-100 кг) ва як гуштигири Маҷористон - Барна Бор (+100 кг) ҷойҳои аввалро соҳиб шуданд ва бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.

Бояд тазаккур дод, ин дувумин мусобиқаи байналмилалист, ки имсол Комроншоҳи Устопириён дар он иштирок кардааст. Ёдовар мешавем, паҳлавони маъруфи тоҷик чанд рӯз пеш дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо бо номи “Тоскулоҳи бузург”дар шаҳри Пориси Фаронса ширкат варзида, дар вазни то 90 килограмм дар даври аввал бар Ҳенрико Жоао аз Ангола ғолиб омад, вале дар даври дувум аз Кю Вон Ли (Кореяи Ҷанубӣ) шикаст хӯрд.

Ба назари коршиносон, бо вуҷуди нокомӣ дар ин ду мусобиқаи пурнуфуз, паҳлавони ҷавони тоҷик таҷоруби хуби байналмилалӣ касб кард, ки ба ӯ дар мусобиқоти минбаъда ба кор хоҳад омад.
XS
SM
MD
LG