Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи дуввуми мунозираҳои номзадҳо поён ёфт


Номзадҳои мақоми раёсати ҷумҳурии Афғонистон мунозираҳои телевизионии худро, ки ду рӯз пай дар пай давом дошт, ба поён бурданд. Дар ин мунозираҳо Ашраф Ғанӣ-вазири пешини молӣ, Ҳидоят Амин Арсалло-мушовири пешини раиси ҷумҳур, Шаҳзода Муҳаммад Нодир Наим-набераи бародари Довудхон-раиси ҷумҳури пешин ширкат доштанд.

Ин номзадҳо дар бораи ҳуқуқи занон, ниёзмандиҳои ҷавонон, дар бораи қарордоди амниятӣ бо Амрико ва дар бораи музокироти сулҳ бо Толибон ба мунозира пардохтанд. Ин мунозираҳоро телевизиони давлатии Афғонистон як ҷо бо бахши афғонии радиои Озодӣ анҷом доданд.

Барои ишғоли курсии Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури кунунӣ 11 номзад мубориза мекунанд. Интизор мерафт, ки дар баҳсҳои телевизионӣ рӯзи яякшанбе Қаюм Какрзай-бародари Ҳомид Карзай ширкат меҷӯяд, вале вай ба ин баҳсҳо ҳозир нашуд. Интихобот 5 апрел баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG