Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Украина қонуни афв рӯзи душанбе иҷро мешавад


Додситонии Кулии Украина мегӯяд, Қонун дар бораи афви шартии эътирозгарони боздоштшуда аз иттиҳомоти ҷиноӣ рӯзи душанбе ба иҷро медарояд. Шаби рӯзи якшанбе дафтари Додситони кулл Виктор Пшонка аз қавли вазорати дохила эълон кард, ки эътирозгарон ҳамаи шарту шароити афвро риоят кардаанд ва қонуни афв метавонад иҷро шавад.

Ба ин шарту шароит холӣ кардани биноҳои ҳукуматӣ дохил мешавад, ки мухолифон дар рӯзҳои эътироз ба тасарруфи худ дароварда буданд ва шарти дигар аз миён бардоштани ҳар гуна саддҳоест, ки эътирозгарон дар хиёбони Ҳрушевскии Киев гузошта буданд.

Субҳи рӯзи якшанбе мухолифон бинои шаҳрдории Киевро тарк карданд, зеро мақомот гуфтанд, ки аз боздоштгоҳи муваққатӣ эътирозгаронро раҳо кардаанд.
Кэтрин Эштон-масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо аз ин тасмимҳо ҷонибдорӣ намуд ва аз мақомот хост, ки ҳамаи парвандаҳои додгоҳии зидди фаъолони мухолифон, ба шумули парвандаҳои ҳабсҳои хонагиро бибанданд, то ин кор заминаро барои гуфтугӯҳои сисёсӣ дар порламон фароҳам орад.
XS
SM
MD
LG