Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳабси шавҳар барои азияти ҳамсар


Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як марди маҳаллиро барои лату кӯби доимии ҳамсараш барои 5 сол ба зиндон равон кардааст. Абдунурулло Ашӯров, муовини раиси додгоҳи Ғафуров, ки бозбинии ин парвандаро анҷом додааст, ба "Озодӣ" гуфт, Сиддиқ Эгамов, сокини 49 солаи шаҳраки Ғафуров мутобиқи банди 117 - и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - “азобу уқубат” ба 5 соли ҳабс маҳкум кард. Вай афзуд, “Эгамов доим маст шуда, занашро зери мушту лагад мегирифт. Оқибат тоқати ҳамсараш тоқ шуда, ба милитсияи Ғафуров муроҷиат кардааст.”
Ин хонавода дорои 4 фарзанд ва синни 3 нафари онҳо аз 18 боло буда, зан шавҳар ҷойи кори доимӣ надоштаанд.
XS
SM
MD
LG