Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ФИФА ба фаъолияти ФФТ баҳогузорӣ мекунад


Вакилони ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) аз рӯи масоили иштироки Федератсияи футболи Тоҷикистон дар барномаи ФИФА «Performance» ба Душанбе сафари корӣ доштанд.

Сафари шашрӯзаи онҳо рӯзи якшанбе, 16-уми феврал, ба анҷом расид. Нодар Ахалкатси, намояндаи ФИФА оид ба рушд дар Деҳлӣ, мушовири барномаи ФИФА «Performance» (Гурчистон) ва Александр Чернухо, мушовири ФИФА оид ба футболи кӯдакону наврасон ва футболи оммавӣ (Беларус), бо мақсади таҳлили вазъ, дастгирӣ ва баҳогузорӣ ба ҳамаи самтҳои фаъолияти федератсия бо роҳбарону кормандони ФФТ мулоқот карданд.

Ба ғайр аз ин, вакилони ФИФА бо мураббиёни тимҳои мунтахаби кишвар, раҳбарони бошгоҳҳои футболи лигаҳои олӣ ва аввал, федератсияҳои футболи шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон, инчунин, бо намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпии кишвар ва хабарнигорон вохӯрданд.

Аз рӯи натоиҷи вохӯриҳо мутахассисони ФИФА бо раҳбарони ФФТ мулоқот анчом доданд. Чунон ки сомонаи ФФТ навиштааст, гуфтушунид миёни намояндагони ФИФА ва ФФТ пурмаҳсул анҷомид, ҷонибҳо дар бораи истифодаи таҷоруби ФИФА дар рушди минбаъдаи футбол дар Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.

Намояндагони ФИФА аз рӯи натоиҷи сафари кориашон дар муддати якчанд рӯз пешниҳодоти худро ба ФФТ мефиристанд. Нодар Ахалкатси, мушовири барномаи ФИФА «Performance», ки пеш раҳбари Федератсияи футболи Гурҷистон буд, иброз доштааст, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон роҳи дурустро интихоб намудааст ва ФИФА аз ҷониби худ ФФТ-ро барои татбиқи барномаи рушди футболи кӯдакону наврасон ва футболи оммавӣ дастгирӣ ва кӯмак хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG