Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мурофиаи додгоҳии Мурсӣ мавқуф гузошта шуд


Мурофиаи додгоҳии раисиҷумҳури барканоршудаи Миср Муҳаммад Мурсӣ бо иттиҳоми ҷосусӣ то рӯзи 23 феврал мавқуф гузошта шуд. Муҳокима бояд рӯзи якшанбе, 16 феврал, баргузор мешуд ва аммо додгоҳ тасмим гирифт, ки барои Мурсӣ вакилони нави мудофеъ таъин кунад.

Муҳаммад Мурсӣ ва 35 ҳампаймонаш дар он айбдор мешаванд, ки ба хотири ташкили ҳамлаҳои террористӣ дар Миср бо созмонҳои хориҷӣ забон як карда буданд. Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ки Муҳаммад Мурсӣ бо созмони фаластинии ҲАМОС, гурӯҳи шиаи "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон ва Сипоҳи посдорони инқилобии исломии Эрон ҳамкорӣ мекард. Дар сурати тайид шудани иттиҳом ба раҳбари пешини Миср ҳукми эъдом таҳдид мекунад.

Муҳаммад Мурсӣ аз рӯи се парвандаи дигар дар ташкили фирор аз маҳбас, таҳрик барои куштори эътирозгарон дар канори бинои Кохи раёсатҷумҳурӣ дар моҳи декабри соли 2012 ва таҳқири мақомоти додгоҳӣ низ айбдор мешавад.

Раисиҷумҳури барканоршуда ва ҷонибдоронаш мегӯянд, ки ҳама иттиҳомот ангезаи сиёсӣ доранд. Муҳаммад Мурсӣ моҳи июли соли 2013 аз сӯи низомиёни Миср аз мақом барканор ва билофосила боздошт шуд.
XS
SM
MD
LG