Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эътирозгарон бинои шаҳрдории Киевро тарк намуданд


Сангарҳо дар Киев ҳанӯз барчида нашудаанд

Сангарҳо дар Киев ҳанӯз барчида нашудаанд

Ҷонибдорони ҳамгироии Украина бо Иттиҳодияи Аврупо рӯзи якшанбе, 16 феврал, бинои шаҳрдории Киевро тарк намуданд. Мири пойтахти Украина Владимир Макеенко гуфт, ки аз рӯзи душанбе ҳама кормандони шаҳрдорӣ дубора сари кор ҳозир мешаванд.

Эътирозгарон биноҳои ҳукуматҳои чаҳор вилоят – Лвов, Ивано-Франковск, Тернопол ва Полтаваро низ ба мақомоти маҳаллӣ таҳвил доданд.

Дар кӯчаи ба номи Грушевский дар маркази Киев тазоҳургарон бархе аз сангарҳоро барчиданд ва роҳро барои ҳаракати нақлиёт боз карданд. Вакили парлумон аз ҳизби "Баткившина" Арсен Аваков изҳор намуд, ки ба ин васила мухолифини ҳукумат ҳама шартҳои Қонун дар бори афвро иҷро карданд ва бояд ин қонун фавран татбиқ шавад. Ба навиштаи рӯзномаи "Украинская правда", гап сари бастани тақрибан 2 ҳазор парванда алайҳи эътирозгарон ва комилан сафед кардани 236 нафаре меравад, ки аз сӯи мақомоти ҳифзи тартибот боздошт шуда буданд ва ҳоло дар ҳабси хонагиянд.

Рӯзи 17 феврал мӯҳлати муқарраркардаи Қонуни афв барои озод кардани биноҳои маъмурӣ ва боз намудани роҳу шоҳроҳҳо хатм мешавад.

Эътирозҳо дар Киев моҳи ноябри соли гузашта шурӯъ шуданд ва баъд аз он густариш ёфтанд, ки ҳукумати Украина аз идомаи музокирот бо Брюссел дар робита ба ҳамгироии кишвар бо Иттиҳодияи Аврупо сарпечӣ кард
XS
SM
MD
LG