Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хирси тиллоӣ" ба Чин меравад


Лаҳзае аз филми "Ангишти сиёҳ, яхи тунук"
Лаҳзае аз филми "Ангишти сиёҳ, яхи тунук"
Филми таҳиягари чиноӣ Дяо Йинан “Ангишти сиёҳ, яхи тунук” ба “Хирси тиллоӣ”, ҷоизаи асосии ҷашнвораи кинои Берлин сазовор шуд. Ин филм дар бораи корманди мустаъфии полис аст, ки талоши ёфтани нуги риштаи кушторҳои пурасрорро мекунад ва ба гумонбари асосӣ ошиқ мешавад.

Ҳайати ҳакамони 64-умин ҷашнвораи синамои Берлин, ки ба он продюсери маъруфи амрикоӣ Ҷеймс Шамус сарварӣ мекард, “Хирси нуқрагин”-ро ба филми Уэс Андерсон “Меҳмонсарои “Гранд Будапешт” эҳто кард, Ҷашнвора бо ҳамин филм ифтитоҳ шуда буд.

Ҷоизаи таҳиягари беҳтаринро Ричард Линклейтер гирифт – ӯ навори филми “Наврасӣ”-ро соли 2002 шурӯъ кард ва тайи ин солҳо ҳунармандон ҳамроҳ бо қаҳрамонҳои худ бузург шуданд.

“Сюрприз”-и ҷашнвора – эҳтои ҷоизаи Алфред Бауэр ба филми «Дӯст доштану нӯшидану сурудан”-и таҳиягари маъруф Ален Рене буд – ин классики синамои Фаронса имсол 92-сола мешавад. Филм ҳамчунин ҷоизаи мунаққидони синамо ФИПРЕССИ-ро сазовор шуд.
XS
SM
MD
LG