Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Лондону Порис дар шикасти музокирот Димишқро айбдор карданд


Ахзар Иброҳимӣ аз мардуми Сурия маъзарат хост

Ахзар Иброҳимӣ аз мардуми Сурия маъзарат хост

Бритониё ва Фаронса дар ноком шудани музокироти сулҳ оид ба ҳалли бӯҳрони Сурия ҳукумати Димишқро айбдор карданд. Фабиус Лоран, вазири умури хориҷии Фаронса, рӯзи якшанбе, 16 феврал, изҳор намуд, ки режими Башор Асад садди роҳи ҳама гуна пешрафт дар музокирот шуд. Раҳбари идораи сиёсати берунаи Бритониё Вилям Ҳейг ҳам гуфт, ки масъулияти шикасти музокирот дар Женева бар дӯши ҳукумати Сурия аст.

Маскав ва Вошингтон, ки даври дуввуми гуфтугӯи ҳайатҳои ҳукумат ва мухолифини Сурия бо пойфишории онҳо сурат гирифт, натиҷаҳои “Женева-2”-ро расман ташреҳ накардаанд.

Гуфтугӯи ҷонибҳои даргири Сурия рӯзи шанбе бенатиҷа поён ёфт. Фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеъаи кишварҳои араб дар умури Сурия Ахзар Иброҳимӣ, ки миёнҷигари музокирот буд, барои нокомии нишаст аз мардуми Сурия маъзарат хост.

Ба гуфтаи Иброҳимӣ, санаи нави машваратҳо оид ба ҳалли бӯҳрони Сурия муқаррар нашудааст.
XS
SM
MD
LG