Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 16 низомиву полиси Ироқ дар ҳамлаву набардҳо


Дар Ироқ бар асари ҳамлаҳо дар шаби шанбе, 15 феврал, дасти кам 16 низомӣ ва корманди полис ба ҳалокат расиданд. 5 сарбоз дар набарҳдҳо бо афроди мусаллаҳ дар минтақаи Ҷуфр-Ас-Саҳр, воқеъ дар ҷануби Бағдод кушта шуданд. Панҷ корманди полис бар асари таркиш дар шаҳри Байҷӣ ҷон бохтанд. Як полковники полис дар манзили худар дар шаҳри Тикрит кушта шуд. Дар ҳамон шаҳр дар шоҳроҳ афроди мусаллаҳ чаҳор низомиро ҳадафи тир қарор доданд.
XS
SM
MD
LG