Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифин биноҳои маркази Киевро тарк намекунанд


Мухолифини ҳукумати Украина аз биноҳои забткардаи худ дар маркази Киев берун рафтанӣ нестанд. Арсений Ятсенюк, раҳбари ҷиноҳи ҳизби "Баткившина" дар парлумон дар робита ба ин гуфт, ки онҳо биноҳои Хонаи Иттиҳодияҳои касаба, “Хонаи укроинӣ”, Кохи Октябрро тарк намекунанд ва ҳамчунин дар майдони Истиқлол боқӣ хоҳанд монд. Ӯ афзуд, ки ҳадафи асосии ҷиноҳаш дар Верховная Рада – бозгардони тарҳи Қонунии асосии соли 2004 ба Украина аст. Дар он тарҳ бархе аз ваколатҳои раисиҷумҳур дар ихтиёри парлумон гузошта шудааст.

Юлия Тимошенко, нахуствазири собиқи Украина, ки барои ҳафт сол маҳкум ба зиндон шудааст, дар сӯҳбат бо нашрияи “Зеркало недели" гуфт, то замоне, ки раисиҷумҳур Виктор Янукович сари қудрат аст, нерӯҳои демократӣ дар парлумон аққалият боқӣ хоҳанд монд. Ӯ аз кишварҳои ғарбӣ даъват кард, ки ба режими Янукович кӯмаки молиявӣ накунанд, “зеро ин маблағҳо барои фасоду тақвияти диктатура сарф хоҳанд шуд.

Эътирозҳо дар Киев моҳи ноябри соли гузашта шурӯъ шуда ва баъд аз он густариш ёфтанд, ки ҳукумати Украина аз идомаи музокирот бо Брюссел дар робита ба ҳамгироии кишвар бо Иттиҳодияи Аврупо сарпечӣ кард.
XS
SM
MD
LG