Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Gallup: 60 дар сади амрикоиҳо Русияро хуш надоранд


63 дар сади амрикоиҳо Путинро хуш надоранд
63 дар сади амрикоиҳо Путинро хуш надоранд
Бар пояи як назарпурсии маркази афкори умуми Gallup, 60 дар сади амрикоиҳо дар бораи Русия назари манфӣ доранд. Масъулини марказ гуфтаанд, теъдоди амрикоиҳое, ки Русияро хуш надоранд, сол то сол афзоиш меёбад – соли 2012 44 дар сад ва соли 2003 камтар аз 30 дар сади ширкаткунандагони назарпурсӣ дар бораи Русия назари манфӣ доштанд.

Шумораи шаҳрвандони ИМА, ки сарвари Русия Владимир Путинро хуш надоранд, боз ҳам бештар – 63 дар сад аст.

Назарпурсии маркази Gallup авоили ҳамин моҳ, дар арафаи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Сочӣ, доир карда шуд. Гуфта мешавад, ки бори аввал дар 20 соли ахир назари теъдоди ин қадар бузурги амрикоиҳо ба Русия ва сарвараш манфӣ аст.

Бар пояи назарпурсӣ, 34 дар сади амрикоӣ ба Русия ва 19 дар садашон ба Владимир Путин муносибати мусбат доранд.
XS
SM
MD
LG