Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзадҳо дар баҳсҳои телевизионӣ ширкат мекунанд


Ҳамаи 11 номзад ба мақоми раисиҷумҳури Афғонистон ба баҳсҳои телевизионӣ даъват шудаанд. Ин баҳсҳо рӯзҳои шанбе ва якшанбе бо ибтикори ширкати давлатии садову симои Афғонистон ва Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ сурат мегиранд. Қарор аст, ки рӯзи шанбе, 15 феврал, раҳбари гурӯҳи исломӣ Қутбиддини Ҳилол, собиқ вазири умури хориҷӣ Абдулло Абдулло, вазири пешини мудофиа Абдулраҳим Вардак, волии собиқи вилояти Нангарҳор Гулоғо Шерзай ва узви пешини парлумон аз вилояти Ғазнӣ Дод Султонзай барномаҳои худро муаррифӣ кунанд ва ба суолҳо посух гӯянд.

Собиқ вазири умури хориҷӣ Залмай Расул, вазири пешини молия Ашраф Ғанӣ, мушовири собиқи раисиҷумҳур Ҳидоят Амин Арсало, барои сарвари феълии кишвар Қаюм Карзай, шоҳзода Муҳаммад Нодир Наъим, набераи шоҳ Зоҳиршоҳ ва фармондеҳи собиқи муҷоҳидин Абдулраб Расули Сайёф барои ширкат дар баҳсҳои телевизионии рӯзи якшанбе изҳори омодагӣ кардаанд.

Аз ин пеш номзадҳо дар баҳсҳо аз тариқи телевизиони "Тулӯъ" ширкат карда буданд.
XS
SM
MD
LG