Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар мусобиқа оид ба футбол барои Ҷоми осоишгоҳи «Баҳористон» баъди се пирӯзӣ бо 12 имтиёз пешсаф аст.

Ин мусобиқа, ки дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд ҷараён дорад, то рӯзи 23-юми феврал идома хоҳад кард. Дар ин мусобиқа бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки дар Қайроққум ба мавсими нави футбол омодагӣ мебинанд, ширкат мекунанд.

Барои ҷоизаи асосӣ се даста аз Тоҷикистон - «Истиқлол»-и Душанбе, «Хайр»-и Ваҳдат ва «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан, инчунин, се тим аз Қазоқистон – «Жетису»-и Талдиқӯрғон, «Оқтеппа»-и Оқтеппа ва «Қизилҷар»-и Петропавловск ширкат меварзанд.

Дастаҳои «Жетису» ва «Оқтеппа», ки дар премйер-лигаи Қазоқистон бозӣ мекунанд, ба Қайроққум ҳайатҳои эҳтиётии худро овардаанд. Тими «Қизилҷар» бошад, соли гузашта дар мусобиқоти лигаи аввали Қазоқистон ҷойи севумро соҳиб шуда буд.

Дастаи «Истиқлол» дар Ҷоми «Баҳористон» баъди се пирӯзӣ бар тимҳои «Хайр» бо ҳисоби 3-0, «Далерон-Ӯротеппа» бо ҳисоби 4-1 ва ҳайати дувуми «Оқтеппа» бо ҳисоби 6-1, дар даври чорум рӯзи 14-уми феврал бар «Қизилҷар» бо ҳисоби 2-1 ғалаба кард.

Голҳои «Истиқлол»-ро Дилшод Восиев (дақиқаи 62-юм) ва Хуршед Маҳмудов (дақиқаи 66-ум) ва як голи меҳмононро Давид Чигилашвили (дақиқаи 90-ум) заданд.

Бозии дигари рӯзи ҷумъа миёни дастаи «Хайр» ва ҳайати дувуми «Оқтеппа» бо ҳисоби мусовии 0-0 хотима ёфт.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 «Истиқлол» 4 4 0 0 15-3 12
2 «Хайр» 3 1 1 1 2-4 4
3 «Оқтеппа» 2 0 1 1 1-6 1
4 «Қизилҷар» 1 0 0 1 1-2 0
5 «Далерон-Ӯротеппа» 2 0 0 2 2-6 0
6 «Жетису» 0 0 0 0 0-0 0

Тақвими бозиҳои Ҷоми «Баҳористон»

7-уми феврал (ҷумъа)
«Истиқлол» - «Хайр» - 3-0

10-уми феврал (душанбе)
«Далерон-Ӯротеппа» - «Истиқлол» -1-4

12-уми феврал (чоршанбе)
12.00 – «Хайр» - «Далерон-Ӯротеппа» - 2-1
14.00 – «Истиқлол» - «Оқтеппа» - 6-1

14-уми феврал (ҷумъа)
12.00 – «Қизилҷар» - «Истиқлол» - 1-2
14.00 – «Оқтеппа» - «Хайр» - 0-0

16-уми феврал (якшанбе)
12.00 – «Хайр» - «Қизилҷар»
14.00 – «Далерон-Ӯротеппа» - «Оқтеппа»

17-уми феврал (душанбе)
14.00 – «Истиқлол» - «Жетису»

18 –уми феврал (сешанбе)
12.00 – «Жетису» - «Хайр»
14.00 – «Оқтеппа» - «Қизилҷар»

19-уми феврал (чоршанбе)
14.00 – «Қизилҷар» - «Далерон-Ӯротеппа»

21-уми феврал (ҷумъа)

14.00 – «Далерон-Ӯротеппа» - «Жетису»

22-юми феврал (шанбе)
12.00 – «Оқтеппа» - «Жетису»

23-юми феврал (душанбе)
14.00 – «Жетису» - «Қизилҷар»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG