Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама: ИМА болои ҳукумати Сурия фишор хоҳад овард


Вошингтон имкони кор гирифтан аз бархе чораҳо ба хотири фишор болои ҳукумати Димишқ ва беҳбуди вазъи башарӣ дар Сурияро байид намедонад. Изҳороти раисиҷумҳури ИМА Барак Обама дар ин бора рӯзи ҷумъа, 14 феврал, дар музокироташ бо шоҳи Урдун Абдуллоҳи 2 дар Калифорния садо дод. Ба гуфтаи Обама, Амрико ба зудӣ хатм шудани низоъ дар Сурияро чашмдор нест.

Рӯзи шанбе даври дуввуми музокироти сулҳ миёни ҳукумат ва мухолфини Сурия зери сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид поён меёбад. Қаблан ҷонибҳо эълом доштанд, ки музокирот вориди бунбаст шудааст. Мухолифини ҳукумат истеъфои раисиҷумҳур Башор Асад ва таъсиси ҳукумати давраи гузаришро талаб доранд. Аммо мақомоти Сурия барои он пойфишорӣ доранд, ки дар музокирот рӯи мавзӯи мубориза бо терроризм тамаркуз шавад.

Ба Азхар Иброҳимӣ, фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеъаи кишварҳои араб дар умури Сурия, ташкили гуфтугӯи мустақим миёни ҷонибҳои даргир муяссар нашуд ва бо онҳо музокироти алоҳида анҷом дод.
XS
SM
MD
LG