Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Иброҳим Раҳимпур


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 14-уми феврал бо муовини вазири корҳои хориҷии ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раҳимпур дар шаҳри Душанбе мулоқот намуд. Аз дафтари матбуотии раиси ҷумҳури Тоҷикистон хабар доданд, ки дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи гуногунҷанбаи ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин дар рафти мулоқот таваҷҷуҳи зиёд ба роҳҳои рушду густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва татбиқи босамари лоиҳаҳои муштараки ду кишвар дар бахшҳои гуногун зоҳир гардидааст. Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба авзои кунунӣ ва дурнамои Афғонистон ва дигар масоили минтақавию байналмилалӣ изҳори назар кардаанд.
XS
SM
MD
LG