Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркманистон 859 зиндонӣ афв мешавад


Ба муносибати ҷашни Парчами Миллии Туркманистон 859 нафар зиндониён мавриди афв қарор хоҳанд гирифт. Дар ин бора Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури ин кишвар фармоне имзо кардааст.

Расиси ҷумҳур ба раҳбарони ниҳодҳои зидахл дастур додааст, ки ин зиндониён то рӯзи ҷашни миллӣ аз зиндон раҳо шаванд ва ба назди аъзои хонаводаи худ баргарданд.

Дар Туркманистон дар остонаи ҳар ҷашни миллӣ афви зиндониён сурат мегирад ва ин анъана аз давраи раёсати Сафармурод Ниёзов-раиси пешини ин кишвар ҷорӣ шуда буд. Ду моҳ пеш, дар моҳи декабр ба муносибати Рӯзи бетарафӣ 630 нафар зиндонӣ афв шуда буданд.
XS
SM
MD
LG