Пайвандҳои дастрасӣ

Мурофиаи ғоибонаи Боқиев оғоз мешавад


Қурмонбек Боқиев

Қурмонбек Боқиев

Дар Қирғизистон мурофиаи додгоҳии Қурмонбек Боқиев-раиси пешини ин кишвар ва се нафари дигар аз аъзои хонаводааш дар ғиёбашон шуруъ мешавад. Онҳо барои талоши суиқасд ба ҷони як шаҳрванди Британия гунаҳгор дониста мешаванд.

Сухангӯи Додгоҳи Олии Қирғизистон рӯзи ҷумъа гуфт, ки Боқиев, ду писараш Марат, Максим ва бародараш Ҷаниш барои ташкили суиқасд ба ҷони Шон Дейлӣ гумонбар эътироф шудаанд. Шон Дейлӣ-соҳибкори Британия дар бахши истихроҷи тилло дар Қирғизистон сармоягузорӣ карда буд.

Дейлӣ баъд аз ҷон ба саломат бурдан аз ин суиқасди соли 2006 маҷбур шуд Қирғизистонро тарк кунад. Ба сӯи вай як марди мусаллаҳ тир андохта буд.

Баъд аз барканорӣ аз мақом дар соли 2010 ҳоло Боқиев дар Беларусия ба сар мебарад. Як соли пеш додгоҳи Бишкек вайро дар ғиёбаш ба 24 соли ҳабс маҳкум кард. Ҷаниш ба ҳабси абад маҳкум шуда буд.
XS
SM
MD
LG