Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори нави Лавров бар зидди Ғарб барои Украина


Франк Волтер Штайнмайер ва Сергей Лавров
Франк Волтер Штайнмайер ва Сергей Лавров
Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия бори дигар бар зидди дахолати Ғарб ба бӯҳрони сиёсии Украина ҳушдор дод. Вай дар як нишасти хабарии муштарак бо Франк Волтер Штайнмайер-вазири корҳои хориҷаи Олмон гуфт, бояд ба мардуми Украина иҷоза дод, ки онҳо ин бӯҳронро худашон ҳал кунанд.

Лавров гуфт: “Мо бовар дорем, ки укарианиҳо худашон бояд роҳи берун рафтан аз бӯҳронро пайдо кунанд. Мо умедворем, ки ҳамаи тарафҳои ҳамкори Украина низ аз ҳамин усул пайравӣ мекунанд”.

Вай Иттиҳодияи Аврпупоро муттаҳам кард, ки мехоҳад бо ворид овардани фишор ба Украина барои имзои қарордоди ҳамгароӣ бо Аврупо бар ивази манъи муносиботаш бо Маскав “соҳаи нуфуз” эҷод кунад.
XS
SM
MD
LG