Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии паҳлавони тоҷик дар “Тоскулоҳи бузург” дар Порис


Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо бо номи “Тоскулоҳи бузург”дар шаҳри Пориси Фаронса ноком гашт.

Комроншоҳ дар рақобатҳо дар вазни то 90 килограмм дар даври аввал бар Ҳенрико Жоао аз Ангола ғолиб омад. Вале ӯ дар даври дувум аз Кю-Вон Ли (Кореяи Ҷанубӣ) шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳои мусобиқот маҳрум шуд.

Дар аввалин мусобиқаи байналмилалии мавсими имсола – “Тоскулоҳи бузург” - 590 варзишгар (374 мард ва 216 зан) аз 81 кишвар ширкат доштанд. Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо 11 медал (4 тилло, 1 нуқра ва 6 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шуд. Дастаи мизбон – Фаронса – бо касби 2 нишони тилло, 5 нуқра ва 5 биринҷӣ дар ҷойи дувум қарор гирифт. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби се медал (2 тилло ва 1 биринҷӣ) ҷойи севумро азони худ кард.

Ғолибону ҷоизадорони «Тоскулоҳи бузург» дар байни мардон:
-60 кг
1. ГАНБАТ Болдбаатар (Муғулистон)
2. ПАПИНАШВИЛИ Амиран (Гурҷистон)
3. КИДО Шинҷӣ (Ҷопон)
3. ТСАЙ Минг Йен (Тайван)
-66 кг
1. ПУЛЯЕВ Михаил (Русия)
2. ЗАНТАРАЯ Георгий (Украина)
3. ФУКУОКА Масааки (Ҷопон)
3. КОРВАЛ Люк (Фаронса)
-73 кг
1. БАНГ Гуи-Ман (Кореяи Ҷанубӣ)
2. ДРАКИЧ Рок (Словения)
3. ЛЕГРАНД Уго (Фаронса)
3. СКВОРТСОВ Виктор (Имороти Муттаҳидаи Араб)
-81 кг
1. СРИКИШВИЛИ Автандили (Гурҷистон)
2. ПИЕТРИ Люк (Фаронса)
3. КИМ Джае-Бум (Кореяи Ҷанубӣ)
3. НАГАСЕ Таканори (Ҷопон)
-90 кг
1. ЛИ Кю-Вон (Кореяи Ҷанубӣ)
2. ЛИПАРТАЛИАНИ Варлам (Гурҷистон)
3. БЕЙКЕР Масю (Ҷопон)
3. ОДЕНТАЛ Марк (Олмон)
-100 кг
1. МАРЕТ Кирилл (Фаронса)
2. КРПАЛЕК Лукас (Ҷумҳурии Чех)
3. БИСУЛТОНОВ Адлан (Русия)
3. ГРОЛ Ҳенк (Ҳолланд)
+100 кг
1. ШИЧИНОХЕ Рю (Ҷопон)
2. МОУРА Давид (Бразилия)
3. ҶАБАЛЛА Фасиэл (Тунис)
3. САИДОВ Ренат (Русия)
XS
SM
MD
LG