Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳаким Фузайлов аз вазифаи сармураббии «Локомотив»-и Тошканд барканор шуд


Ҳаким Фузайлов, собиқ ҳимоятгари дастаи «Помир»-и Душанбе ва мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, аз вазифаи сармураббии тими «Локомотив»-и Тошканд барканор шуд.

Дастаи «Локомотив», барандаи ҷоизаи нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Узбакистон дар соли 2013, баъди он ки дар бозии плей-оффи Лигаи қаҳрамонони АФК дар майдони худ аз тими «Кувайт»-и Кувайт бо ҳисоби 1-3 шикаст хӯрд ва ба даври баъдӣ баромада натавонист, раҳбарияти бошгоҳи футболи Тошканд қарордодашро бо мутахассиси 49-солаи тоҷик лағв кард. Ба ҷойи Фузайлов собиқ сармураббии мунтахаби Узбакистон Вадим Абрамов сармураббии «Локомотив» таъин шуд.

Баъди аз вазифа сабукдӯш шудани Фузайлов аз эҳтимол дур нест, ки ёвари ӯ дар дастаи “Локомотив” Вазген Манасян, собиқ ҳамлагари «Помир», низ аз вазифаи мураббии калони ин даста барканор хоҳад шуд.

Ҳаким Фузайлов 12 –уми августи соли 1964 дар шаҳри Қӯрғонтеппаи Тоҷикистон ба дунё омадааст. Вай аввал дар тими «Пахтакор»-и Қӯрғонтеппа бозӣ мекард. Ӯ аз соли 1986 то 1992 дар дастаи «Помир»-и Душанбе ҳунарнамоӣ кардааст. Соли 1992 ба «Локомотив»-и Маскав гузашта, дар ҳайати ин даста соли 1994 бо медали биринҷии чемпионати Русия мукофотонида шудааст.

Ҳаким Фузайлов, инчунин, дар дастаҳои «Арсенал» (Тула), «Металлург» (Красноярск) ва «Дӯстлик» (Узбакистон) бозӣ кардааст. Ӯ дар ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон шаш бозӣ анҷом додаст.

Ҳаким Фузайлов авохири солҳои 90-уми қарни XX ба кори мураббигӣ гузашта, нахуст тими «Бухоро»-и Бухоро, баъдан «Динамо»-и Самарқандро машқ додаст. Соли 2003 сармураббии «Андиҷон»-и Андиҷон, як сол баъд мураббии бошгоҳи «Титан»-и Подмоскове, аз соли 2005 «Локомотив»-и Калуга буд. Аз соли 2005 то декабри 2011 дар вазифаи мураббӣ-селексионери бошгоҳҳои футболи «Ростов»-и Ростови соҳили Дон ва «Локомотив»-и Маскав фаъолият дошт. Моҳи январи соли 2012 ноиби президенти бошгоҳи «Локомотив»-и Тошканд , аз моҳи майи ҳамон сол ба ситоди мураббиёни даста шомил шуд ва баъдан сармураббӣ таъин гардид. Бо раҳбарии Ҳаким Фузайлов дастаи “Локомотив” порсол дар чемпионати Узбакистон мақоми дувумро касб кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG