Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Моҷароҳои мазҳабӣ ва фосила миёни давлат ва рӯҳониён


Вақтҳои охир дар ҷомеаи Тоҷикистон баҳсҳое даргирифтааст, ки фосилаи байни давлат ё ҳукумату рӯҳониёнро бештар кардааст ва гоҳо аз мудохилаи давлат ба дин ё ба маросимҳои мазҳабӣ, масъалаҳо матраҳ мешавад.

Ин ақидаҳо вуҷуд дорад, ки агар воқеан ҳам давлат ба умури мазҳабӣ дахолат кунад, дар он сурат мумкин аст давлат нохудогоҳ вориди моҷароҳои ҳассоси мазҳабӣ шавад ва шояд берун омадан аз онҳо барояш ташвишҳои изофӣ халқ кунад. Суоле пеш меояд, ки оё таъйини дастмузд барои имомхатибон, ҷорӣ кардани либоси ягона барои онҳо ва ризояти давлат барои гирифтани мақоми имомхатиби масҷид мудохилаи давлат ба дин аст? Ё намози ҷанозаро бояд имомхатиби масҷид хонад?

Саид Аҳмадов-таҳлилгари умури мазҳабӣ ва раиси пешини Кумитаи дини вобаста ба ҳукумати вақти Тоҷикистон бо назардошти даъвои баъзе хатибон мегӯяд, агар имомхатибе даъвои чунин корро кунад ва бигӯяд, ки вай имомхатиби расмист ва бояд ҷанозаро бихонад, бо ин кораш эътибори ҳукуматро поин мебарад ва хусумати диндоронро бар зидди давлат бармеангезад:

Саид Аҳмадов

Саид Аҳмадов

“Ин тавр ҳам шуда метавонад, барои мисол давлат эътироф кардааст, ки фалон одам имомхатиб бошад, гарчӣ давлат вайро таъйин намекунад, балки ходимони масҷид пешниҳод мекунанд ва интихобӣ аст, вале дар баъзе маросимҳо ва ё маъракаҳо шахсоне пайдо мешаванд, ки мехоҳанд байни давлат ва ҷомеаи мазҳабӣ низоъ бархезад, то аз ин низоъҳо сӯистифода кунанд”.

Пайравони дин мардум мебошанд, давлат ҳам барои ҳамин мардум вуҷуд дорад ва давлат бо мардумаш дар ҳар арса ҳамкорӣ мекунад.

Вале Ашӯрбой Имомов-ҳуқуқдони тоҷик бо назардошти вазъи кунунии ҷомеаи Тоҷикистон мегӯяд, давлат бояд дар масъалаҳои усулӣ бо дин ҳамкорӣ кунад, на дар масъалаҳои хурду реза: “Давлат набояд бо кори майда-чӯйдаи динӣ худро омода кунад ва бо ҳамин қурби давлатро паст кунад. Чунки кори майда-чӯйдаи динӣ кори дохилии худи диндорон аст. Давлат аз рӯи масъалаҳои усулӣ бояд бо дин робита ва ҳамкорӣ дошта бошад. Муттаассифона, ҳамин нуктаро гоҳо ба инобат намегирем ва баҳсу мунозираҳо пайдо шуданаш мумкин аст”.

Таҳлилгарони умури мазҳабӣ барои намуна ба хондани намози ҷанозаи фавтидагон дар масҷидҳо ишора мекунанд, ки гоҳо қабл аз даргузашт худи марҳум васият мекунад ё хешовандони вай шахсияти рӯҳонӣ ва ё муллоеро дархост мекунанд, то намози ҷанозаи фавтидаро бихонад, зеро он ба қонуне иртибот надорад, балки аз озодиҳои мазҳабии ҳар фард дониста мешавад. Чунин озодӣ дар ҳамаи кишварҳо ва дар ҳар дину мазҳаб вуҷуд дорад. Дар чунин ҳолат ҳеҷ имомхатиби масҷид ҳақ надорад бигӯяд, ки вай ба истилоҳ “муллои давлатӣ”-ист ва вай бояд ҷанозаи фавтидаро бихонад.

Ашӯрбой Имомов

Ашӯрбой Имомов

Дар қонунҳои мавҷудаи Тоҷикистон дар ҷое навишта нашудааст, ки дин аз давлат ҷудост, зеро дин мафҳуми умумист. Тибқи қонун иттиҳодияҳо ва ё ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо ҳастанд ва дар мавриди либоси ягона ва маоши имомхатибон на давлат, балки Шӯрои Уламои Тоҷикистон тасмим гирифтааст. Оқои Аҳмадов мегӯяд, чун иттиҳодияҳои мазҳабӣ дар дохили як давлат фаъолият мекунанд, ба ин далел бо давлат иртибот доранд ва ҳамкорӣ мекунанд: “Давлат дар мавриди таъйини сару либоси махсус ё таъйини маош ба имомхатибон бевосита дахолат накардааст, балки ин кор бо пешниҳоди Шӯрои уламо сурат гирифтааст ва ин шӯро қарор қабул кардааст, ки хатибони масҷид бояд либоси махсус дошта бошанд, ки аз дигарон фарқ карда шавад”.

Оқои Аҳмадов эътироф мекунад, ки ин корҳо бо назардошти муқаррароти қонун сурат нагирифтааст, балки дар асоси қарордодҳои байни давлат ва ташкилотҳо ё муассисаҳои динӣ анҷом гирифтааст. Шӯрои Уламо ҳақи чунин пешниҳод ва ҳамкорӣ бо давлатро дорад. Аммо ҳуқуқшинос Имомов мегӯяд, вақтҳои охир дар робита бо ҳамкории муассисаҳои мазҳабӣ ва ҳукумат баъзе тадбирҳои иловагӣ низ андешида шудаанд, ки бар асоси санадҳои зерқонунӣ амалӣ мешаванд: “Ин чораҳое, ки ҷуста мешаванд, ба воситаи санадҳои зерқонунӣ амалӣ мешаванд. Ин чораҳо қонун нестанд. Барои муайян кардани қонунӣ будани онҳо, сохторҳои динӣ ё шахсони ба ин масъала ворид бояд ба Суди Конститутсионӣ муроҷиат кунанд. Суди Конститутсионӣ вазифадор аст, ки мутобиқати ҳамин санадҳоро бо қонун ё Конститутсия муайян кунад”.

Фаррух Умаров

Фаррух Умаров

Агар ин санадҳои зерқонуниро истисно шуморем, дар он сурат метавон ба хулосае расид, ки бар асоси қонунҳои мавҷуда давлат наметавонад ба фаъолияти ташкилотҳои мазҳабӣ дахолат кунад. Бо вуҷуди ин Фаррух Умаров-коршиноси мустақил дар баъзе мавридҳо ҳамкориҳои давлат бо иттиҳодияҳо ё ташкилотҳои диниро воҷиб медонад. Вай мегӯяд, дар ҳолатҳои истисноӣ чунин ҳамкориҳо зарур аст. Агар дар дохили ташкилотҳои динӣ унсурҳое бошанд, ки қонун фаъолияти онҳоро мамнуъ медонад, дар он сурат давлат бо назардошти манфиатҳои миллӣ ё масоили амниятӣ як ҷо бо ташкилотҳои динӣ аз фаъолияти чунин унсурҳо пешгирӣ мекунад. “Вақте ки мо дахолат ба умури дин мегӯем, ин нуктаро дар назар дорем, ки ҳуқуқи диндорон поймол мешавад. Вале дар ин маврид дар доираи манфиатҳои миллӣ ҳукумат ба рӯҳониён кӯмак мекунад, зеро баъзе созмонҳои мазҳабии байналмиллалӣ бо ҷудо кардани маблағ метавонанд аз қишри рӯҳонӣ истифода бурда, онҳоро ҳамчун абзори гелополиткӣ истифода кунанд”.

Дар Тоҷикистон аксари мутлақи аҳолӣ пайрави дин ҳастанд ва худи давлат низ аз мусулмонҳо таркиб ёфтааст. Фарҳанги исломӣ дар ҷомеаи тоҷик решадор аст. Суннатҳои исломӣ дар зиндагии рӯзмарраи тоҷикон риоят мешавад ва бо ҳаёти ҷомеа омезиш ёфтааст. Идҳои мазҳабии Қурбон, Рамазон ё Иди Фитр дар ин кишвар таътили давлатӣ эълон шудаанд. Давлат барои баргузор кардани солгарди шахсиятҳои мазҳабӣ, аз қабили Абуҳанифа ва ё Мирсаид Алии Ҳамадонӣ барномаҳои вижа анҷом дод. Бо вуҷуди ин давлат гаҳ-гоҳе барои маҳор кардани нуфузи баъзе гурӯҳҳои мазҳабӣ ва ё баръакс барои ҷалби ҳимояти рӯҳониён аз барномаҳои сисёсии худ дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои давлат бо иттиҳодияҳои динӣ рӯҳониёнро ташвиқ мекунад.
XS
SM
MD
LG