Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ дар Сочи аз рӯи натиҷагирии шаш рӯзи мусобиқот дар ҳисоби умумидастаӣ бо назардошти сифати медалҳо мунтахаби Олмон мавқеашро дар ҷойи аввал нигоҳ дошт.

Варзишгарони Олмон дар ин муддат ҳамагӣ 10 медал - ҳафт нишони тилло, ду нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварданд. Мунтахаби Канада бо касби 10 медал - чор тилло, чор нуқра ва ду биринҷӣ - дар мақоми дувум аст. Варзишгарони Норвегия бо касби 13 медал - чор нишони тилло, се нуқра ва шаш биринҷӣ дар мақоми севуманд. Тими Ҳолланд бо касби 12 медал (чор тилло, се нуқра ва панҷ биринҷӣ) дар мақоми чорум мебошад. Мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 12 медал (чор нишони тилло, ду нуқра ва шаш биринҷӣ) мақоми панҷумро азони худ кардааст.

Дастаи Русия - мизбони бозиҳо - то кунун 11медал (ду тилло, панҷ нуқра ва чор биринҷӣ) дорад ва мисли пешин дар мақоми 7-ум қарор гирифтааст.
Умуман, то ҳоло варзишгарони 24 кишвар медалҳои Олимпиадаи Сочиро ба даст овардаанд ва намояндагони 15 кишвар ба унвони қаҳрамони Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ мушарраф шудаанд.

Аз кишварҳои собиқи шӯравӣ ба ҷуз Русия мунтахаби Беларус як нишони тилло, Латвия ду нишони биринҷӣ ва Украина як нишони биринҷӣ ба даст овардаанд.


Ҷой Кишварҳо Тилло Нуқра Биринҷӣ Ҳамагӣ
1 Олмон 7 2 1 10
2 Канада 4 4 2 10
3 Норвегия 4 3 6 13
4 Ҳолланд 4 3 5 12
5 ИМА 4 2 6 12
6 Швейтсария 3 0 1 4
7 Русия 2 5 4 11
8 Чин 2 1 0 3
9 Фаронса 2 0 2 4
10 Лаҳистон 2 0 0 2
11 Австрия 1 4 0 5
12 Словения 1 1 2 4
13 Корея 1 0 1 2
14 Беларус 1 0 0 1
14 Словакия 1 0 0 1
16 Шветсия 0 1 4 5
17
17
17
20
20
22
23
23
Италия
Ҷумҳурии Чех
Ҷопон
Австралия
Финляндия
Латвия
Британия
Украина
0
0
0
0
0
0
0
0
2
2
2
1
1
0
0
0
1
1
1
0
0
2
1
1
3
3
3
1
1
2
1
1
Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Сочи то 23-юми феврал идома меёбанд. Дар ин бозиҳо беш аз 2800 варзишгар аз 88 кишвар ширкат доранд. Ба барномаи бозиҳо 15 намуд дохиланд: биатлон, бобслей, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, лижаронии дуҳарба, пойгаи лижатозӣ, ҷаҳиш бо лижа аз трамплин, варзиши чанатозӣ, скелетон, дави босуръат бо конки, сноуборд, рақси рӯи ях бо конки, фристайл, хоккейи рӯи ях ва шорт-трек.

Дар Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ дар Сочи танҳо як варзишгари тоҷик - Алишер Қудратов - дар мусобиқаи лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом, ки рӯзи 22-юми феврал, соати 17:45 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад, ширкат мекунад.

Имрӯз, 14-уми феврал, дар Олимпиадаи Сочи варзишгарон барои шаш маҷмӯи медалҳо дар биатлон, лижаронии кӯҳӣ, пойгаи лижаронӣ, скелетон, рақси рӯи ях ва фристайл мубориза мебаранд.

Рӯзи ҷумъа, инчунин, сабқати гурӯҳӣ оид ба хоккей баргузор мешавад:

12:00 Мардон. Гурӯҳи С Ҷумҳурии Чех – Латвия
12:00 Мардон. Гурӯҳи С. Шветсия – Швейтсария
21:00 Мардон. Гурӯҳи В. Канада – Австрия
21:00 Мардон. Гурӯҳи В. Норвегия – Финляндия
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо ба вақти Маскав аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG