Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ба Ас-Сисӣ дар интихобот "барори кор" хост


Владимир Путин изҳор намуд, ки Маскав аз тасмими генерали мисрӣ Абдул Фаттоҳ Ас-Сисӣ барои ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии Миср пуштибонӣ мекунад. Раисиҷумҳури Русия дар як сӯҳбати алоҳида бо муовини нахуствазир, вазири дифои Миср Абдул Фаттоҳ Ас-Сисӣ, ки рӯзи панҷшанбе, 13 феврал, дар Ново-Огарево сурат гирифт, ба ӯ дар интихоботи президентӣ барори кор хост.

Генерали воломақоми мисрӣ ҳанӯз дар бораи ширкат дар интихоботи президентӣ расман эъломияе нашр накардааст. Қарор аст, ки ин маъракаи сиёсӣ тобистони соли оянда баргузор шавад.

Моҳи июли соли 2013 баъд аз эътирозҳои густурдаи мардумӣ генерал Ас-Сисӣ раисиҷумҳури исломгарои Миср Муҳаммад Мурсиро аз мақом барканор кард. Мурсӣ то ҳол дар маҳбас аст.

Дар ҷараёни сафари генерал Ас-Сисӣ ба Маскав масоили марбут ба фурӯши силоҳи русӣ ба Миср баррасӣ мешавад. Бар пояи бархе хабарҳо, дар Маскав мавзӯи имзои созишномаи ба 2 маблағи 2 миллиард доллар фурӯхтани силоҳи тавлиди Русия ба Миср матраҳ шудааст.

Баъд аз барканории Мурсӣ аз мақом ИМА ироаи кӯмаки низомӣ ба Мисрро коҳиш додааст.
XS
SM
MD
LG