Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

57 мавриди поймол шудани қонуни танзим дар моҳи январ


Мақомоти масъули танзими расму ойин дар Тоҷикистон мегӯянд, танҳо дар моҳи январи соли 2014 дар кишвар 57 мавриди вайрон кардани муқаррарори қонуни танзими расму ойинро сабт кардаанд, ки назар ба айни давраи як соли пеш 29 маврид, ё 2 маротиба бештар аст. Бештар аз ҳама – 22 мавриди нақзи қонуни танзим - дар вилояти Суғд сабт шудааст. Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросими Кумитаи дини Тоҷикистон, ки масъулияти назорат бар қонуни танзими расму ойинро бар ӯҳда дорад, дар моҳи январ алайҳи 11 нафар, бо шумули 3 масъули тарабхона, 2 донишҷӯ, 1 раиси маҳалла, 1 муҳосиб, 1 муҳоҷир, 1 овозхон ва 2 бекор парвандаи маъмурӣ бо иттиҳоми нақзи қонуни танзим боз кардаанд. Қонуни танзими расму ойин соли 2007 қабул шуда, соати баргузории тӯю азои мардум ва шумори меҳмононро маҳдуд мекунад. Барио нақзи ин қонун ба маблағи тақирбан 800 доллар ҷарима таъйин шудааст.
XS
SM
MD
LG