Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барф дар ИМА садҳо ҳазор манзилро бебарқ гузошт


Бар асари бориши зиёди барф дар манотиқи ҷанубу шарқӣ ва шарқии ИМА рӯзҳои чаҳоршанбе ва панҷшанбе садҳо ҳазор манзил ва муассисаҳо бебарқ монданд.

Беш аз се ҳазор парвоз дар хатсайрҳои гуногун лағв шуданд, дар шоҳроҳҳои баъзе шарҳҳо роҳбандӣ ба амал омад. Ба иттилои шабакаи телевизионии CBS, бар асари садамаҳои нақлиётӣ, ки бар асари бориши барфу яхбандӣ рӯй доданд, дасти кам 9 нафар ба ҳалокат расиданд.

Дар Вошингтон ва мавзеъҳои атрофи пойтахт аз чораҳои оҷил кор гирифта мешавад - аз шаҳрвандон дархост шудааст, ки аз сафар бо мошинҳои худ худдорӣ кунанд, мактабҳо ва бисёр муассисаҳо баста шудаанд.

Дар Ню-Йорк ҳам шоми панҷшанбе ва субҳи ҷумъа бориши барф дар назар аст. Ҳавосанҷон мегӯянд, ки баландии барф дар ин шаҳр шояд 25 сантиметрро ташкил диҳад.
XS
SM
MD
LG