Пайвандҳои дастрасӣ

Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон, сафари расмияш ба Ҷумҳурии Чехро мавқуф гузошт. Дар ин бора ҳафтаномаи "Respekt", чопи Прага, рӯзи панҷшанбе, 13 феврал, бо истинод ба вазири умури хориҷии Чехия Любомир Заоралек хабар додааст. Вазир лағв шудани сафари раҳбари Узбакистонро, ки бояд аз 20 то 22 феврал сурат мегирифт, тайид кардаст.

Хабари сафари расмии Ислом Каримов ба Ҷумҳурии Чех боиси нигаронии гурӯҳҳои дидбони ҳуқуқи башар шуд, ки режими Тошкандро дар шиканҷаи дигарандешон, ҳабси мухолифини сиёсӣ ва кори маҷбурии кудакон дар мавсими ҷамъоварии пахта пайваста мавриди танқид қарор медиҳанд.

Рӯзи чаҳоршанбе 31 иттиҳодияи касаба ва созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар дар як нома унвонии раисиҷумҳури Чехия Милош Земан аз ӯ хостанд, ки мулоқоташ бо Ислом Каримовро лағв кунад. Милош Земан дар посух мухолифини сафари расмиии сарвари Узбакистонро “дурӯя” номид.

Баъд аз эълони таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Тошканд дар соли 2005 Ислом Каримов ҳамагӣ ду бор ба қораи Аврупо сафар кардааст. Таҳримҳо – вокуниш ба саркӯбсозии тазоҳуроти мардум аз сӯи нерӯҳои полис ва амниятии Узбакистон дар моҳи майи соли 2005 буданд.
XS
SM
MD
LG