Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиши автобус кормандони полис ҷон бохтанд


Бар асари таркиши автобус бо кормандони полис дар шаҳри Қарочӣ, воқеъ дар ҷануби Покистон, 11 нафар кушта ва тақрибан 50 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар ин бора рӯзи панҷшанбе, 13 феврал, табибони бемористони маҳаллӣ ба Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ, хабар доданд. Ба гуфтаи онҳо, вазъи бештари осебдидагон вахим аст.

Намояндаи полиси Қарочӣ гуфт, ҳанӯз маълум нест, ки ҳамларо маргталаб анҷом додаст ё дар роҳи автобус бомб инфиҷор кардааст.

Аз ин пеш рӯзи сешанбе бар асари ҳамла ба як кинотеатр дар шаҳри Пешовар 13 нафар ҷон бохта буданд. Масъулияти ҳамлаҳои ахирро касе бар дӯш нагирифтааст.

Ҳамлаҳо дар ҳоле сурат мегиранд, ки ҳукумати Исломобод ба хотири хатми хушунат дар кишвар бо Толибон сари мизи музокирот нишастааст.
XS
SM
MD
LG