Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии ИМА аз раҳоии маҳбусони зиндони Багром


Мақомоти Афғонистон рӯзи панҷшанбе, 13 феврал, 65 маҳбусеро, ки Амрико онҳоро “басо хатарнок” мехонд, аз зиндони Багром раҳо карданд. Ин маҳбас солҳои пеш таҳти назорати низомиёни ИМА буд ва дар он, ба иддаои Вошингтон, фақат муҷримин дар терроризм нигаҳ дошта мешаванд. Хабари раҳоии маҳбусонро Зоҳир Азимӣ, намояндаи вазорати дифои Афғонистон тайид кард.

Сафорати ИМА дар Кобул дар изҳороте тасмими раҳоии ин маҳбусонро “таассуфбор” номид. Дипломатҳои амрикоӣ маҳбусони озодшударо "масъули ҳамлаҳои маргбор ба нерӯҳои амниятӣ ва мардуми осоиштаи Афғонистон ва сарбозону афсарон ва кормандони мулкии нерӯҳои байнулмилалӣ" мешуморанд. Дар изҳорот гуфта шудааст, ки масъулияти паёмадҳои раҳоии маҳбусон бар дӯши ҳукумати Кобул хоҳад буд.

Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай моҳи январ дар бораи раҳо кардани маҳбусони зиндони Багром амр содир кард, зеро, ба гуфтаи ӯ, далеле барои дар банд нигаҳ доштани онҳо нест.

Моҳҳои ахир қазияи имзои созишномаи амниятӣ, ки ҳузури низомии афсарону сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон баъд аз хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз кишварро иҷоза медиҳад, муносибати Кобулу Вошингтонро сардтар кардааст. Ин санад дар Лоя Ҷирга, нишасти сарони қавму қабоил ва сиёсатмадорони афғон пазируфта шуд, вале Карзай мегӯяд, ки то интихоботи раёсатҷумҳурӣ онро имзо нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG