Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар мусобиқа оид ба футбол барои Ҷоми осоишгоҳи «Баҳористон» баъди се пирӯзӣ бо 9 имтиёз пешсаф аст.

Ин мусобиқа, ки дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд ҷараён дорад, то рӯзи 23-юми феврал идома хоҳад кард. Дар ин мусобиқа бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки дар Қайроққум ба мавсими нави футбол омодагӣ мебинанд, ширкат мекунанд.

Барои ҷоизаи асосӣ се даста аз Тоҷикистон - «Истиқлол»-и Душанбе, «Хайр»-и Ваҳдат ва «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан, инчунин, се тим аз Қазоқистон – «Жетису»-и Талдиқӯрғон, «Оқтеппа»-и Оқтеппа ва «Қизилҷар»-и Петропавловск ширкат меварзанд.

Дастаҳои «Жетису» ва «Оқтеппа», ки дар премйер-лигаи Қазоқистон бозӣ мекунанд, ба Қайроққум ҳайатҳои эҳтиётии худро овардаанд. Тими «Қизилҷар» соли гузашта дар мусобиқоти лигаи аввали Қазоқистон ҷойи севумро соҳиб шуда буд.

Дастаи «Истиқлол» дар Ҷоми «Баҳористон» баъди ду пирӯзӣ бар тимҳои «Хайр» бо ҳисоби 3-0 ва «Далерон-Ӯротеппа» бо ҳисоби 4-1, дар даври севум рӯзи 12-уми феврал бар ҳайати дувуми «Оқтеппа»-и Қазоқистон бо ҳисоби 6-1 ғалаба кард.

Нимаи аввали бозӣ ба нафъи меҳмонон - футболбозони ҷавони қазоқ - бо ҳисоби 1-0 хотима ёфт. Вале дар нимаи дувуми бозӣ футболбозони тоҷик ба дарвозаи «Оқтеппа» 6 гол зада, бо ҳисоби бузурги 6-1 пирӯз шуданд.

«Истиқлол» - «Оқтеппа» - 6:1
Голҳо: Владислав Алемаскин, 15 (0:1). Нуриддин Давронов, 55 (1:1). Комил Саидов, 57 (2:1). Дилшод Восиев, 60 (3:1). Хуршед Маҳмудов, 62 (4:1). Фатҳулло Фатҳуллоев, 87 (5:1). Дилшод Восиев, 90+1 аз пеналтӣ (6:1).
«Истиқлол» (Душанбе): Силванус Эванс, Аҳтам Назаров (Нуриддин Давронов, 46), Сиёвуш Асроров (Глаубер Да Силва, 46), Ромиш Ҷалилов (Фатҳулло Фатҳуллоев, 46), Алишер Сафаров (Эраҷ Раҷабов, 46), Дэвид Мауто, Ҷаҳонгир Эргашев, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Виллер Соуза Оливейра (Хуршед Маҳмудов, 46), Жосимар Насименто (Дилшод Восиев, 46), Комил Саидов.
«Оқтеппа» (Оқтеппа): Мурат Алмаганбетов (Тамабай Мухаштет, 87), Саялӣ Ҷумъагалӣ, Куаниш Урунтаев (Евгений Николенко, 84), Нурбол Жумашев, Куаниш Елтезеров (Игор Бут, 78), Багдалӣ Каиров, Александр Волф (Жасулан Сатвадиев, 57), Арслон Тлеубергенов (Одилхон Танжариков, 68), Владислав Алемаскин, Темур Булатов, Асанбек Жумакан.
Огоҳонида шуданд: Силванус Эванс («Истиқлол»), Багдалӣ Каиров («Оқтеппа»).
Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

Дар бозии дигари рӯзи чоршанбе дастаи «Хайр» бар тими нави лигаи олии Тоҷикистон - «Далерон-Ӯротеппа» бо ҳисоби 2-1 ғолиб омад.

«Хайр» - «Далерон- Ӯротеппа» - 2:1
Голҳо: Сӯҳроб Мансуров, 7 – ба дарвозаи худ (1:0). Меҳрулло Бобоев, 53 (1:1). Баҳодур Шарифов, 75 (2:1).

«Хайр» (Ваҳдат): Анатолий Старушенко, Маҳмадлоиқ Нуриддинов, Идибек Ҳабибуллоев, Парвиз Ҳамидов, Фурӯғ Қодиров, Алишер Улмасов, Фирӯз Шамсиев (Исроил Идиев, 82), Маҳмадалӣ Содиқов, Баҳодур Шарифов, Меҳроҷиддин Музаффаров (Мӯҳсин Абдуғаффоров, 61), Мирзобек Мирзоев.

«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан): Матвей Постников, Сӯҳроб Мансуров, Бахтиёр Абдураҳмонов, Шаҳбоз Бобоҷонов (Беҳзод Мӯсоев, 57), Абдураҳим Қурбонов (Дагар Каримов, 46), Алия Силла, Шӯҳрат Баротов, Диловар Бойқузиев, Юсуф Боатенг, Меҳрулло Бобоев, Аъзам Ҳусейнов.

Огоҳонида шуданд: Фурӯғ Қодиров («Хайр»), Дагар Каримов, Абдураҳим Қурбонов («Далерон-Ӯротеппа»).

Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 «Истиқлол» 3 3 0 0 13-2 9
2 «Хайр» 2 1 0 1 2-4 3
3 «Далерон-Ӯротеппа» 2 0 0 2 2-6 0
4 «Оқтеппа» 1 0 0 1 1-6 0
5 «Жетису» 0 0 0 0 0-0 0
6 «Қизилҷар» 0 0 0 0 0-0 0

Тақвими бозиҳои Ҷоми «Баҳористон»

7-уми феврал (ҷумъа)
«Истиқлол» - «Хайр» - 3-0

10-уми феврал (душанбе)
«Далерон-Ӯротеппа» - «Истиқлол» -1-4

12-уми феврал (чоршанбе)
12.00 – «Хайр» - «Далерон-Ӯротеппа» - 2-1
14.00 – «Истиқлол» - «Оқтеппа» - 6-1

14-уми феврал (ҷумъа)
12.00 – «Қизилҷар» - «Истиқлол»
14.00 – «Оқтеппа» - «Хайр»

16-уми феврал (якшанбе)
12.00 – «Хайр» - «Қизилҷар»
14.00 – «Далерон-Ӯротеппа» - «Оқтеппа»

17-уми феврал (душанбе)
14.00 – «Истиқлол» - «Жетису»

18 –уми феврал (сешанбе)
12.00 – «Жетису» - «Хайр»
14.00 – «Оқтеппа» - «Қизилҷар»

19-уми феврал (чоршанбе)
14.00 – «Қизилҷар» - «Далерон-Ӯротеппа»

21-уми феврал (ҷумъа)
14.00 – «Далерон-Ӯротеппа» - «Жетису»

22-юми феврал (шанбе)
12.00 – «Оқтеппа» - «Жетису»

23-юми феврал (душанбе)
14.00 – «Жетису» - «Қизилҷар»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG