Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазири тандурустӣ номи худро Нусратулло Файзулло кард


Вазири тандурустии Тоҷикистон ному насаби худро ба таври миллӣ тағйир дода аз он пасвандҳои «ов»-у «вич»-ро гирифт. Аз вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 13-уми феврал иттилоъ доданд, ки ин тасмими вазири тандурустии Тоҷикистон "ба хотири арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, дар доираи талаботи қонуни Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» аст". Ҳамакнун вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба ҷойи Салимов Нусратулло Файзуллоевич ба Нусратулло Файзулло иваз карда шуд.

Чанд вақти охир баъзе аз мансабдорони давлатӣ аз ному насаби худ пасвандҳои русиро гирифта аз рӯи анъанаҳои миллӣ худро номгузорӣ мекунанд. Аз ин пештар раиси оҷонсии зидди фасод, вазири кишоварзӣ, раиси кумитаи забон ва истилоҳот ва чанде дигар ному насаби худро аз рӯи анъанаҳои миллӣ тағйир доданд.
XS
SM
MD
LG