Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аквапарки нотамоми Душанберо "Preston & Barbieri" хоҳад сохт


Сохтмони аквапаркеро, ки ширкати туркии «Эмек Иншоот» нотамом гузошта, Тоҷикистонро тарк карда буд, ширкати итолиёвии «Preston & Barbieri» бо пирӯзӣ дар як озмуни ҳукумати шаҳри Душанбе ба поён хоҳад расонид. Дафтари матбуоти ҳукумати шаҳри Душанбе рӯзи 13-уми феврал ба радиои Озодӣ гуфт, ки шаҳрдори Душанбе масъули ширкати итолиёвии «Preston&Barbieri” Франческо Феррариро, ки ғолиби озмуни байналхалқии шаҳрдорӣ оид ба беҳтарин тарҳи «Аквапарки нотамоми шаҳри Душанбе» дониста шуд, ба ҳузур пазируфт.Ҳукумати Душанбе барои анҷоми сохтмони нотамоми аквапарк дар маркази шаҳр дар моҳи феврали соли гузашта озмун эълом карда, довталабон - ширкатҳои дохиливу хориҷиро даъват карда буд, тарҳҳои худро ирсол доранд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳи Душанбе зимни мулоқоташ бо масъули ширкати итолиёвии "Preston & Barbieri" Франческо Феррари, ки рӯзи сешанбе сурат гирифтааст бо тарҳи ин ширкат ошно шуда, изҳори боварӣ кардааст, ки идомаи сохтмони нотамоми «Аквапарк» дар муҳлатҳои мушаххасшуда тибқи меъёрҳои байналмилалӣ анҷом дода хоҳуд шуд.

Сохтмони нотамоми ин макони тафреҳӣ, ки начандон дур аз кохи раиси ҷумҳур ва дар соҳили рӯдхонаи Душанбе воқеъ шудааст, тақрибан 10 сол пеш аз тарафи ширкати туркии «Эмек иншоот» оғоз шу. Вале ин ширкат сохтмонро нотамом гузошт ва Тоҷикистонро тарк кард. «Эмек иншоот» соли 2004 дар озмуни бунёди аквапарки Душанбе пирӯз шуд ва барои сохтмони он аз ҳукумати пойтахт 2 миллиону 500 ҳазор доллар гирифта буд.

Аммо баъди шурӯи сохтмон ва овардани бахше аз маҳсулоти сохтмонӣ, ки ҳанӯз ҳам дар маҳалли аквапарки оянда дида мешаванд, «Эмек Иншоот» барои сохтмон аз ҳукумати Душанбе 2 миллион 900 ҳазор доллари изофӣ талаб кард, ки дар натиҷа миёни ду тараф баҳс бархост.

«Эмек Иншоот» низ сохтмонро нотамом гузошт ва Тоҷикистонро тарк кард. Ҳукумати шаҳри Душанбе соли 2005 аз болои ширкати мазкур ба додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон шикоят кард ва додгоҳ амр дод, то «Эмек Иншоот» ба ҳукумати шаҳри Душанбе 6 миллиону 200 ҳазор доллар ҷуброни молӣ бипардозад. Аз ин пештар дар соли 2004 дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам ширкати мазкури туркиро ба додгоҳи иқтисодӣ кашид ва қазияро ба нафъи худ ҳал кард. Бо ҳукми Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон, «Эмек Иншоот» мебоист якуним миллион доллар ба дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ товон бипардозад, вале ҳарду ҳукм то ҳол иҷро нашудаанд.
XS
SM
MD
LG