Пайвандҳои дастрасӣ

Русия як фаъоли муҳити зистро ба зиндон маҳкум кард


Дар Русия як тарафдори фаъоли муҳити зист ва мунтақиди бозиҳои олимпӣ дар шаҳри Сочиро барои ранг пошидан ба рӯи девор ба 3 соли зиндон маҳкум карданд. Евгений Витишко узви созмони Нозири Муҳити Зист дар шимоли Қафқоз бунёди сохтмони зиёд дар маҳалли бозиҳои олимпӣ дар Сочиро танқид мекард. Додгоҳи шаҳри Краснодар рӯзи чаҳоршанбе шикояти ӯ аз ҳукми додгоҳи поёниро бетайғир гузошт. Евгений Витишко ва ҳамкори ӯ Сурен Газариён соли 2012 барои ранг пошидан ба девори бинои мутаалиқ ба вилояти Краснодар ба се соли шартии зиндон маҳкум карда буданд. Моҳи декабр додгоҳ амр дод, ки Витишкоро барои риоят накардани муқаррароти ҳукм, ба зиндон фиристанд. Созмони Авфи Байналмилал мегӯяд, ки Витишкоро “маҳбуси виҷдон” медонад. Ба Сурен Газариён соли гузашта дар Эстония мақоми паноҳандагӣ доданд.
XS
SM
MD
LG