Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси ҷумҳури Гурҷистон ба Боку рафт


Рӯзи чаҳоршанбе Гиорги Маргвелашвили, раиси ҷумҳури Гурҷистон, боздиди дурӯзаи расмиаш аз Озарбойҷонро шурӯъ кард. Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, Маргвелашвилӣ бо ҳамтои озариаш, Илҳом Алиев, Артур Ризозода, нахуствазир ва Оқтай Асадов, раиси порлумони Озарбойҷон мулоқот мекунад. Масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар арсаҳои энержӣ, нақлиёт ва амнияти минтақавӣ аз масоили гуфтугӯи тарафҳо хоҳад буд. Қарор аст, раиси ҷумҳури Гурҷистон ҳамчунин ба шаҳри Қабала ва ноҳияи Кохи Озарбойҷон биравад ва бо сокинони гурҷитабори ин ҷойҳо мулоқот кунад.
XS
SM
MD
LG