Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти қотили як муҳоҷири тоҷик дар вилояти Маскав


Мақомоти тафтишотии вилояти Владимири Русия як сокини 16-солаи вилояти Маскавро бо гумони қатли шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон боздошт кардаанд. Алайҳи ӯ тибқи банди 105-уми Кодекси ҷиноии Русия (кушӯтор) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Кумитаи тафтишоти Русия мегӯяд, ин наврас бо гурӯҳе аз ҳамсолонаш рӯзи 26 январ аз шаҳри Сергиев Посади вилояти Маскав ба шаҳри Александрови вилояти Владимир рафтаанд. Дар Александров аз як роҳгзуар исми кӯчаро мепурсанд. Аммо лаҳни посухи роҳгузар хушашон намеояд ва ба таъқиби ӯ мепардозанд ва вақте дарёбаш карданд, ин наврас ба бадани ӯ чанд корд мезанад. Шаҳрванди тоҷик, ки исмаш оварда нашудааст, аз ҷароҳатҳои бардошта дар бемористон фавтидааст. Ҳамлагарон баъди ин куштор аз Владимир фирор кардаанд, вале рӯзи 6 феврал нафари кордзан дар вилояти Маскав дастгир шуд.
Шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русия то 1,5 миллион нафар гуфта мешавад. Ҳар сол беш аз 1000 муҳоҷири тоҷик дар Русия аз дунё мегузаранд. Аз ҷумла дар натиҷаи ҳамлаи гурӯҳҳои қавмгаро. Аммо дар мавриди куштори ахир гуфта нашудааст, ки оё ин ҳамла низ дар заминаи адовати қавмӣ сурат гирифтааст ё танҳо “авбошӣ” буд?
XS
SM
MD
LG